Рубрики
Last News

ДАСТОВАРДҲО НАЗАРРАСАНД

Дар маҷлисгоҳи калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Мадинахон Салимзода, муовини раиси ноҳия Зайнура Умарзода, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзои гуруҳи вакилии ҳизб дар маҷлиси ноҳиявӣ ва фаъолон маҷлиси навбати раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ баргузор шуд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа Дилшод Зокиров, раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб оид ба фаъолияти кумиҷроия дар 3 моҳи 2021 ҳисобот дода, таъкид кард, ки ҳизбиёни ноҳия дар ин давра ба дастовардҳои назаррас ноил шуданд.

– Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар ин давра дар сатҳи ҷумҳурӣ ҳамчун нашрияи муваффақи маҳаллӣ сазовори ҷоизаи ба номи профессор Асадулло Саъдулооев эътироф шудани рӯзномаи “Нигоҳи халқ” мебошад, – таъкид кард Д. Зокиров.

Зимни музокира Қудратбек Сафаров, сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳия ва Борбад Баҳромзода, узви намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо ёдоварӣ аз фаъолияти кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб дастовардҳои онро хубу назаррас унвон карданд.

Мадинахон Салимзода, муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Зайнура Умарзода, муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ низ оид ба ҳалафҳои фаъолияти ҳизб ибрози андеша карда, барои боз ҳам беҳтар намудани кори кумиҷроия ва татбиқи Барномаи ҲХДТ дар ҳамаи самтҳо дастуру маслиҳатҳои мушаххас доданд.

Пас аз баррасии масоили дигари рӯзнома – оид ба ҳаракати аъзои ҳизб ва тасдиқи ҳайати ситоди обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Сипас ба як гуруҳ фаъолон Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Аз ҷумла модари ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Гулбаҳор Раҳимова – Ойиммоҳ Раҳимова бо Сипосномаи Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Абдуҷаббор Азизӣ сарфароз гардонида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *