Рубрики
Асосӣ

ДЕВАШТИЧ:Ваҳдат поянда бод!

Ваҳдати миллии тоҷикон ганҷи бебаҳоест, ки бо ранҷу машаққати зиёд ва гузашта аз он, дар натиҷаи ҷонбозиву қурбониҳои ҳазорон нафар фарзандони фидоии миллат ба даст омадааст. 

                                                                                       Эмомалӣ Раҳмон.

Воқеан ҳам зебогии Ватан пораи бузурги хушбахтии мо аст, пораи дигар ин зиндагии осуда ва оромиву суббот дар Ватан мебошад.

Имрӯз бо қаноатмандиву ифтихор изҳор медорам, ки ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ тамоми талошу пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ҷодаи бунёди давлатдории миллӣ ва таҳкими пояҳои истиқлолият ба ҳамин матлабу мақсади олӣ, яъне таъмини ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоҷикистон асос ёфта, дарки ягонагии сарнавишти таърихӣ ва ҳифзи асолати милливу фарҳангӣ дар маркази фаъолияти мо қарор дошт.

       Роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки мо бо он устуворона пеш рафта истодаем, воқеан далели барҷастаи пирӯзии ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ, ягонагии халқ ва ҳокимияти сиёсӣ маҳсуб меёбад.

     Ин дастоварди нодир ҳоло ба ҳайси ҷузъи таркибии суннати таҳаммулгароӣ дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон нақши бузург дорад.

     Миллати сарбаланди мо хуб дар ёд дорад, ки давлати тозаистиқлоли мо дар оғози солҳои 90-уми  асри гузашта ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ фалаҷ гардид ва давлатро буҳрони амиқи сиёсӣ фаро гирифт. Ҳамзамон даҳҳо бародарони худро дар ҷанги хонумонсӯз аз даст додем.

    Дар чунин вазъи пурфоҷиа ҷони худро дар хатар гузошта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омада ватанро аз парокандагӣ раҳонд ва миллатро сарҷамъ намуд.

Хушбахтона, бо такя ба сабақҳои таърих ва хиради мардуми фарҳангсолори тоҷик ба мо муяссар шуд, ки дар муддати кӯтоҳ пеши роҳи низоъи даҳшатноки дохилиро гирем, барои интихоби низоми давлатдории муосир ва рушди мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварем.

     Мардуми соҳибмаърифату сулҳҷӯи мо таҳти парчами ваҳдату ягонагии миллат ба ҳам омада, ваҳдати миллиро ҳамчун шарти асосии пешрафти ҷомеа пазируфтанд ва барои ҳифзу таҳкими ин арзиши гаронбаҳо то ба имрӯз бо камоли ғайрату матонат азму талош карда истодаанд.

Хотирнишон бояд сохт, ки барои ноил шудан ба чунин дастоварди тақдирсоз дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ  Пешвои миллат нақши муассир бозида, заминаҳои пойдори фароҳам овардани роҳи минбаъдаи рушди ҳаёти халқамонро муайян намуд.

Мардуми Тоҷикистон равшан дарк намуданд, ки танҳо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва тавассути заҳмати ватандӯстона метавон давлати тозаистиқлоли хешро ба мамлакати ободу пешрафта мубаддал гардонид ва барои наслҳои оянда як кишвари воқеан мутараққӣ ва мутамаддинро ба мерос гузошт.

      Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди қабулу омӯзиш қарор гирифт. Имрўз Точикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иктисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои Истиклолияти давлатии мо сол аз сол қавитар мегарданд.

Дар бораи аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон Президенти кишвари соҳибистиқлоламон Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёри ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».

     Бесабаб нест, ки созмонҳои байналмилалӣ ва доирахои илмӣ ва сиёсии кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомўзанд ва онро ҳамчун падидаи нодир ва боарзиш дар таърихи сулҳофарини байналмилалӣ донистаанд. Бояд қайд кард, ки дар давраи ҷаҳонишавӣ дар тамоми ҷаҳон раванди хатарноки муқобилгузории тамаддунҳо авҷ гирифта истодааст, ки инсониятро ба гирдоби таҳлука тела медихад. Тамоми донишмандони инсонпарвар ва сиёсатмадорони дурандеш аз ин ҷараён дар ташвишанд. Механизмҳо ва василаҳои амалисозии ин инкилобҳо ба воқеаҳои оғози солҳои 90-уми Тоҷикистони мо хеле монандхастанд. Бархурдҳои сиёсиву муборизахои гурўҳӣ далолат бар он доранд, ки мо бояд ба қадри сулҳу суботи кишварамон бирасем ва ҳамчунин дар ҳифзи истиқлолият саҳми муносиб гузошта, арзишҳои сулҳу ваҳдаро ҳифз намоем.

 НОСИРОВА НИЛУФАР СОЛИЕВНА

 МУДИРИ ШУЪБАИ МОЛИЯ-САРМУХОСИБИ 

 КИ ХХДТ ДАР НОХИЯИ ДЕВАШТИЧ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *