Бо мақсади дастгирии иҷтимоии оилаҳои эҳтиёҷманд ва маъюбону барҷомондагон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич Равшаной Маъмурзода дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ба аёдати маъюби гурӯҳи якум, сокини Ҷамоати деҳоти Ғазантарак ташриф оварда, аз ҳолу аҳволи ӯ аз наздик шинос шуда, кӯмаки молиявӣ расонид.
Аёдатшаванда ва оилаи онҳо аз ин иқдоми хайру савоб, шоду мамнун гардида, ба Раиси муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзу сипоси самимии хешро изҳор намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки ин шахси ниёзманд ҳар моҳ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич бо нафақаи ҳизбӣ таъмин карда мешавад.