Рубрики
Uncategorized

ДЕВАШТИЧ:ГАР ДАСТИ ФИТОДАЕ БИГИРӢ МАРДӢ

Бахшида ба рӯзи маъюбон Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, ба аёдати Маркази ёрии иҷтимоии пиронсолону маъюбони ноҳияи Деваштич  рафтанд. Зимни суҳбат пиронсолони яккаву танҳо бо изҳори қаноатмандӣ ва шукрона аз тинҷиву ободии кишвар дар ҳаққи Сарвари давлат суханҳои меҳрбор гуфта, қайд намуданд, ки бо вуҷуди бознишаста буданд, гули сари сабади аҳли ҷомеа маҳсуб меёбанд. Зеро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва кумиҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ пайваста аз ҳолу аҳволашон хабар мегиранд. Худи ҳамон рӯз, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба аёдати Порсоев Ӯлмасхон маъюби гурӯҳи 3 ба аёдат рафта, маводҳои хурока орд, равған, намак, шакар ва шириниҳо   тақдим намуданд.  Чунин иқдомҳо аз ҷониби КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *