Рубрики
Асосӣ

ДЕВАШТИЧ: БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ “АЛЛАИ МОДАР ” МУВОФИҚИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

Тибқи нақша – чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд бо мақсади арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақил, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, ҳуввияти миллӣ, дастгирии ҷавондухтарону бонувони лаёқатманд, мустаҳкам намудани эҳтирому садоқат ба модар, истиқболи сазовори Рӯзи Модар ва 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон санаи 20-уми феврали соли равон дар Қасри фарҳанги ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ даври аввали озмуни “Аллаи Модар” гузаронида шуд. Бояд қайд намуд, ки озмуни мазкур дар сатҳи баланд ва рӯҳияи идона баргузор гардида, бо намоиши тамоми ҷузъиёт, ки бо гаҳвораю кӯдак, суруди Алла ва расму оини ба гаҳвора бастани тифли навзод тавъам аст, ҷараён гирифт. Дар даври ноҳиявии озмун 7 нафар бонувон – Ашӯрова Нурҷаҳон, Шукурова Ӯғулой, Қулдошова Чаманоро, Ибрагимова Маърифат, Салимова Шоира, Шодиева Лочиной ва Ҷӯраева Насиба тибқи шартҳои дар Низомнома тасдиқгардида маҳорату истеъдоди худро намоиш доданд. Ба ҳунарнамоии иштирокчиён бонувони фаъолу собиқадор Абдусамадова Мамлакат, Солиева Лутфинисо, Каримова Рафоат, Ёдгорова Раҳбар ва Раҳимова Зулфия, ки солҳои тӯлонӣ дар сохторҳои гуногуни давлативу ҳизбӣ хизмати софдилонаву содиқона намуда, дар ҷодаи рӯзгор низ намунаи ибрати ҳамагон ҳастанд, ҳамчун ҳакамони озмун ба маҳорат, талаффузи бурро, тарзи баён, нафаси равон, хушсадоӣ, намуди зоҳирӣ, сарулибос, одобу ҳаракати саҳнавӣ, ҷалби шунаванда ва самимияти сароидани суруди Алла баҳогузорӣ намуданд. Дар рафти озмун бо мақсади таькими эҳтирому арҷгузорӣ нисбат ба вуҷуди муқаддас ва ба ранҷу заҳматҳои модар, ҷиҳати омода намудани ҷавондухтарон барои оиладорӣ ва зинаҳои ҳаёт саҳнаҳои ибратомӯз аз рӯзгор, ривояту гуфторҳои ҳикматнок, гулчини назму наво ва суруду таронаҳои дилангез ба самъи тамошобинон расонида шуд. Ҳамин тавр, даври ноҳиявии озмуни “Аллаи Модар” дар сатҳи зарурӣ ва хеле хубу хотирмон доир гардида, ба кулли иштирокчиён сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии КИ ҲХДТ дар ноҳия супорида шуд. Иштирокчиёне, ки сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гаштанд, соҳиби диплом, сипоснома ва тӯҳфаҳо гардида, иштирокчӣ таҳти рақами 3 аз муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 3 Қӯлдошова Чаманоро ғолиби озмуни“Аллаи Модар” ҳисобида шуда, бо дипломи дараҷаи 1, сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қардшиносӣ карда шуд. Суратгузориш аз рафти баргузории Озмуни “Аллаи Модар “

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *