Рубрики
Асосӣ

ДЕВАШТИЧ: БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИҲО ОИД БА РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 Бахшида ба 31-солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ – ватанпарастӣ роҳандозӣ гардида истодаанд. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-и деҳаи Эшонқӯрғони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷамоати Ғазантарак” бахшида ба ҷашни 31-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин эълон гардидани “Соли 2024-соли маърифати ҳуқукӣ” ва бо мақсади баланд бардоштани тарбияи дифоӣ-ҳарбӣ, ҳисси ватандӯстии ҷавонон, дар руҳияи баланди ифтихори миллӣ ва садоқат ба Ватан тарбия намудани ҷавонон чорабинии идона таҳти унвони “Хизмати Ватан вазифаи муқаддас аст” баргузор гардид. Бояд қайд намуд, ки тавоноӣ ва пурқудрат будани Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлолро хонандагон бо хондани шеъру суруд ва иҷрои саҳначаҳои ҷолиби диққат бори дигар ба иштирокчиёни чорабинӣ исбот намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *