Рубрики
Асосӣ

ДЕВАШТИЧ: БАРГУЗОРИИ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН АЗ ҶОНИБИ ВАКИЛИ МАРДУМӢ ИСМОИЛИЁН КОМРОН ИСМОИЛЗОДА

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич қабули шаҳрвандон бо иштироки Раиси ноҳияи Деваштич муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии “Деваштич-24” Исмоилиён Комрон Исмоилзода баргузор гардид. Раиси ноҳия муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода қайд намуданд, ки қабули шаҳрвандон дар партави сиёсати мардумпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, ҳадафи он баррасии масъалаҳои муҳими сокинон ва ҳалли саривақтии онҳо мебошад. Ҳамчунин қайд намуданд, ки дар ҷараёни қабули шаҳрвандон намояндаи мардумӣ Исмоилиён Комрон Исмоилзода ширкат меварзанд. Сокинон ба Раиси ноҳия ва вакили мардумӣ бо масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, муаммоҳои оилавӣ, кӯмаки моддию молиявӣ муроҷиат намуда, ба муроҷиати онҳо посухҳои мушаххас дода шуданд. Дар фарҷоми қабули шаҳрвандон Раиси ноҳия аз қабули шаҳрвандон натиҷагирӣ намуда, ба масъулин супориш доданд, ки ба ҳалли масъалаҳои шаҳрвандон эътибори зарурӣ дода, мушкилоти онҳоро сари вақт ҳал намоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *