Рубрики
Uncategorized

ДЕВАШТИЧ: Ба ин Ватану ин миллат содиқ бояд буд!

Вокуниш: Воқеаи дирӯз дар Хорух  рух додааст огоҳ шудаем, ки як гурӯҳе аз шаҳри Хоруғ ғайриқонуни гирдиҳамои ташкил намудаанд.Пеш аз ҳама бояд фикр мекарданд, ки ин гирдиҳамоӣ оромии ҷомеаро халалдор менамояд, ки ин боиси нооромии на фақат шаҳри Хоруғ балки тамоми минтақаҳои Тоҷикистон шуданаш мумкин аст. Мо мардуми Тоҷикистон он рӯзҳои сахту сангинеро, ки ба сари мардуми мо ҷанги шаҳрвандӣ ба бор оварда буд аз сар гузаронидем ва онро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳем кард.Эй мардум шукрона бояд кард баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ҳамаи мо медонем, ки Ватани мо дар кадом вазъият қарор дошт мардум нони хӯрданию либоси пӯшидани надоштанд, аммо барои сулҳу суботро барқарор намудан ҷаҳду талош менамуданд. Имрӯз дар кишварамон бо шарофати ин марди Худодод Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ороми ва серию пури побарҷост.Имрӯз, низ ин хоинони кишвар мехоҳанд бо ҳар роҳе дар кишварамон нотинҷӣ ва нооромиро ба вуҷуд оранд, зеро онҳо аз ин манфиат ба даст меоранд. Баъзе масъалаҳои ҳалталаб, ки дар ҷомеа пайдо мешавад, на бораи тазаҳурот балки метавонем бо роҳи гуфтушунид ва якдигарфаҳмӣ ҳал карданаш мумкин. Мамлакатҳое, ки мо дида истодаем тариқи расонаҳои ҷаҳонӣ бетартибиҳо вуҷуд доранд оқибаташ ба чӣ рӯзҳо оварда расонида истодааст. Имрӯзҳо ҳамаи мо шоҳиди он гардида истодаем, ки дар арсаи байналмилалӣ вазъияти сиёсии ҷаҳон нотинҷ, зудтағйирёбанда ва пешгӯинашаванда боқӣ мемонад.Ман ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон ҳеҷ вақт барои ҳимояи як ду нафари ҷинояткор бо иғвои кадом як хоинони миллат зидди қонуният нахоҳам баромад. Бо истифода аз имкон аз тамоми сокинони кишвар, хусусан мардуми сарбаланди Бадахшонзамин даъват ба амал меорам, ки ба иғвоҳои гуруҳҳои бадхоҳи миллат дода нашаванд, дар ғафлат намонанд ва Ватани тинҷ ва осудаи моро, ки дар ин давру замон тинҷиву оромӣ болотар аз ҳар арзиш мебошад, ба вартаи ҷанг накашанд. Мо бояд дурандеш бошем, на танҳо фикри имрӯзу фардо, балки фикри ояндаи фарзандонро дар сар дошта бошем. 

Нилуфар Носирова 

Сармуҳосиби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *