Рубрики
Асосӣ

ДЕВАШТИЧ: ВАРЗИШ ҚОСИДИ СУЛҲ МЕБОШАД

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич барои таъмини иҷрои дастури  Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва Муассисаи давлатии мактаби варзишии ба номи Б.Холови ноҳия ҷиҳати ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби шаҳрвандони мамлакат ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғиби васеи бозии футбол дар байни аҳолии кишвар, мустаҳкам намудани дўстӣ, таъмини бевоситаи иҷрои «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021» мусобиқаи варзиширо аз рўи намуди футболи хурд байни дастаҳои футболи ғайрикасбии ноҳияи Деваштич ба роҳ монд.

Дар чорабинии мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди хурди футбол байни дастаҳои ғайрикасбӣ муовини Раиси ноҳия Комилзода Насриддин ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Саидов Фирдавс иштирок ва суханронӣ намуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар ин самт ҷадвали мусобиқаи футбол мувофиқи дастаҳои корхонаву ташкилотҳо ва Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мувофиқа карда шуда, айни ҳол бозиҳои мусобиқаҳои футбол барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *