Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии дар ноҳияи Деваштич таҳти унвони “Ватан ҳар пораатро ҳифз хоҳам кард” вохӯрии сарбозони аз хизмати ҳарбӣ баргаштаро бо хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия оғоз намуд.
Санаи 18 – апрели соли равон бо сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерафкан Додоев ва Зоҳирҷон Ӯзбеков вохӯрии мазкур баргузор карда шуд.
Дар вохӯрӣ таъкид карда шуд, ки Ватан макону манзили ободу меҳрпарвар буда, инсон дар оғӯши гармаш ба камол мерасад, аз чашмаҳои зулолаш менӯшад ва дар фазои паҳновараш чун парандаҳои баландпарвоз озодона пару бол мезанад.
Имрӯз ҷавонони бонангу номуси тоҷик хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Ҳар як ҷавонмарди бо нангу номус бояд муҳофизати Ватан-Модарро қарзи муқаддаси фарзанди хеш дониста, ҳеҷ гоҳ аз ин шарафи бузург худро канора нагирад. Зеро, оромиву амният, осоиштагиву арзишҳои миллӣ маҳз аз ҷасорату матонат, иродаи қавии ҷавонмардони ватандӯсти диёр, аз эҳсоси баланди худшиносӣ ва меҳанпарастии ҷавонон вобастагии калон дорад.
Вазъи ҷаҳони имрӯза ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои истиқлолияти давлати соҳибистиқлоламонро аз даст надиҳем.
Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки артиши миллиамон ба талаботи замон ҷавобгӯ буда, на танҳо дар дохили мамлакат, балки берун аз он низ нуфузу мавқеи хоса касб намудааст.
Сарбозон ба толибилмон- сарбозони ояндаи Ватан қайд намуданд, ки мо ҷавонон ояндагони диёри биҳишосо буда,талош бар он меварзем, ки дар пешрафти Артиши миллӣ саҳми худро гузошта, ба халқу Ватани худ сарбаландонаю ҷавонмардона хизмат кунем. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи давлату миллат, марзу буми кишвар барои ҳар як шаҳрванде, ки онро сарбаландона адо намудааст, ифтихори бузург аст.