Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич марҳилаи амалигардонии “Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023”-ро бо ташкили чорабиниҳои мухталифи ташвиқотӣ- тарғиботӣ вусъати тоза дода истодааст. Баҳри ба амал татбиқ намудани Барномаи “Пешгирии хушунат дар оила”, ки бевосита дар баъзе ҳолатҳо шахсро ба амалҳои ногувор оварда мерасонад, тадбирҳои пайваста андешида мешавад. Баргузории мулоқоту вохӯриҳои гурӯҳҳои тарғиботию ташвиқотии аъзоёни фаъоли ҳизбӣ ва сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар мавзӯъҳои “Оила бидуни зӯроварӣ”, “Модар чӣ гуна, духтар намуна”, “Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад “, “Аз модари солим кӯдаки солим”, “Зан олиҳаи зиндагӣ”, “Оилаи солим асоси ҷамъияти солим”, “Зӯроварӣ дар оила боиси нохушист” , “Зану мард баробарҳуқуқанд”, “Поймол кардани ҳуқуқи зан- хушунат” ба масъалаҳои мубрами рӯз аз ҷумла, оила ва оиладорӣ, муносибати зан ва шавҳар, келин ва хушдоман, баробарҳуқуқии зану мард ва ғайраҳо бахшида шудаанд. Баҳри босамару таъсирбахш гузаронидани ҳар кадом тадбирҳо аз ёрии ҳайати гурӯҳи корӣ, ки ба он ҳуқуқшиносу мутахассисони корҳои таблиғотӣ, кормандони тиб шомиланд, истифода бурда шуда, илова бар ин фаъолони маҳал соҳибхоназанон, куҳансолони таҷрибаи рӯзгордида низ ҷалб мегарданд. Чунончи, бо мақсади таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳои” Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила” дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Ғончӣ, Росровут ва Далёни Боло бо иштироки занону бонувони хонашин вохӯрӣ дар мавзӯи пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, махсусан даст ба худкушӣ задан байни занону ҷавонон, зӯроварӣ дар оила, тарғиби фарҳанги либоси миллӣ, бекоркунии ақди никоҳ, ҳуқуқ ба манзил гузаронида шуд. Аз ҷумла, барои фаҳмондадиҳии ҳуқуқи баробарии зану мард ба манзил бештар кор бурдан лозим меояд. Ҳамчунин дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ” ҳам зану мард баробар вазифадоранд. Барои пешгирӣ намудани падидаи номатлуби хушунат дар оила тарғиби донишу маърифат бо кор ё машғулиятҳои фоиданок ҷалб намудани занону духтарон, тарғиботи тарзи ҳаёти солим, машғул шудан ба варзиш, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ, озмунҳои фарҳангиву илмӣ манфиатовар аст. Рухсора Ҳоҷиева- аъзои фаъоли ТИҲ “Исмоили Сомонӣ-20 “-Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич