Рубрики
Uncategorized

Деваштич: Дастгирии маъюбон ва оилаҳои ниёзманд

      Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расонидани кӯмаки молиявӣ ба маъюбони гурӯҳҳои якум, шахсони ниёзманд ва оилаҳои камбизоат нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

    Дар доираи ин иқдом масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич  ба дидорбинии маъюби гурӯҳи 1-ум Бобоҷонов Ғайрат сокини Ҷамоати  деҳоти Ғазантарак рафта, ба ин оилаи ниёзманд нафақаи ҳизбиро дар ҳаҷми 500 сомонӣ дастрас намуданд.

  Масъулини  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич зимни сӯҳбат бо шахсони  маъюб қайд намуданд, ки Ҳукумати кишвар ва Президенти мамлакат  дастгирии  маъюбон ва оилаҳои ниёзмандро дар мадди аввал қарор дода, пайваста аз ҳолу аҳволи ин қишри ҷомеа хабардор мешаванд ва ҳамеша таъкид менамоянд, ки ба чунин шахсон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шавад. Маврид ба зикр аст, ки минбаъд ин иқдом аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич дар охири ҳар моҳ роҳандозӣ хоҳад шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *