Рубрики
Uncategorized

ДЕВАШТИЧ: ДУСТ ОН БОШАД ГИРАД ДАСТИ ДУСТ

Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд имрӯз дар Ҷамоатҳои деҳоти Ғазантарак ва Яхтани ноҳияи Деваштич вохӯриҳои гурӯҳҳои корӣ оид ба тарғибу ташвиқи натиҷаҳо аз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон , ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд бо иштироки мудири бахши кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Заррина Маннонова ва устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров Зеварой Бобоева баргузор гардид. Дар вохӯрӣ қайд карда шуд, ки равобити дӯстиву бародарии ин ду халқи куҳанбунёд решаҳои хеле қадима дошта, дар тӯли ҳазорсолаҳо ташаккул ёфта, он аз имтиҳони таърих гузаштааст. Ин дӯстиву бародарии халқҳои тоҷику ӯзбекро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо риштаҳои ногусастании абадӣ пайванд намуда, ин руйдоди таърихиро дар саҳифаҳои таърихи ин ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар бо хатти зарҳалӣ сабт намуданд. Инчунин иштирокчиёни вохӯрӣ оиди муқаддасу ҷовидонӣ пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ фикру мулоҳизаҳои худро қайд намуданд. Дар фарҷоми вохӯрӣ Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич Равшаной Маъмурова ҷиҳати идомаи амалиёти «Шаҳодатномаи ҳизбӣ- ифтихори ман», рафти маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ ва маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ мувофиқи ноҳия маълумот дода, вохӯриро ҷамъбаст намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *