Рубрики
Асосӣ

ДЕВАШТИЧ: Зишткорӣ – падидаҳои номатлуби террорист.

Мафҳуми зишт, нохуб ва норавост дар тамоми давру замонҳо ҳамчун омили ношоиста, носазо ва номатлуб дониста мешавад. баъди чун фасоду зиён танҳо ва танҳо зиштиву нооромӣ падид меорад, зеро ин амал хоси ҳайвоноту дарандаҳо ва ҳашароти зараррасон аст, ки онҳоро табиат чунин офарида. Инсоният чун бандаи хокии ҷаҳони гузарон бояд хоси хислатҳои ба худ хос, аз қабили одаму одамгарӣ некию накӯкорӣ ва саховатмандию хайрхоҳӣ бошад. Ҳамеша бар он ҷаҳд намояд, то ба амалҳои хубу савоб, манфиатдору хайрхоҳона даст занад. Касеро хушдилу осуда гардонад. Ягон дастовард хубе аз худ бояд гузорад, то зинданом бошад. Хиёнаткорон дар ягон давру замон хушбахт намегарданд, зеро «Давлат ба ақл наздик аст». Каси бадкор, мардумозор ва хиёнаткор ҳамеша ба ҷазои Офаридгори бузург сазовор хоҳад буд.

Ту некӣ бикуну дар Даҷл андоз,                                                Ки Эзид    дар биёбонат диҳад боз.

Савол ба миён меояд: хислатҳои номатлуб кадомҳояд ва онҳо аз куҷо сар мезананд. Пеш аз ҳама бетарбиятӣ, беодобӣ, бемаданиятӣ, дуздиву мардум-фиребӣ ва амсоли ин ба қатори хислатҳои номатлуб дохил мешавад, ки инсонро ба беиффатӣ, беобрӯӣ ва шармандагӣ омада мерасонад. Албатта, агар кас дидаву дониста ин гуна хислатҳоро ихтиёр кунаду шахсияти худро поймол гардонад, бевосита дар шумори инсонҳои асил буда наметавонад.

Шояд ягон таклифу ишораи каси дигар ӯро ба ин роҳ мебарад. Шояд худ надониста мемонад, ки хислатҳои номатлуб ихтиёр намудааст. Хислатҳои номатлуб, албатта, яку якбора дар вуҷуди инсони асил ҷо шуда наметавонад. Бахусус, имрӯз ҷомеаи мо пур аз касони баду номурод ва бефикру беиффатанд.

Нодидаву надониста ба ҳама гуна фардиятҳои ношинос дӯсту ошноӣ меварзанд. Пайи пайдо намудани музди ночизе ё дороиву сарвате ба корҳои ношоиста, аз қабили дуздӣ, мардумфиребӣ, кӯчагардӣ машғул мешаванд ва ҳамарӯза паси анҷоми ҳамин гуна  амалҳо носавоб даст мезаданд. Бехабар аз он ки бадкирдору бадрӯ хоҳанд шуд. Зеро бадкор азоб намекашад, агар ӯ азоб мекашид, фикр мекард, майнааш хароб менамуд, ҳеҷ гоҳ каси амали номатлуб намешуд.

 Барои оне ки фарзанди кас ба амалҳои носавобу номатлуб даст назананд, барои оне ки оила мустаҳкаму пойдор ва намунаи ибрат бигардад, бояд андеша ронд ба роҳи рост рафт, ба меҳнат аз хурдӣ одат кард. Кӯшиш бояд кард, ки илм омӯзему меҳнат кунем ва пеш аз ҳама боору номус ба воя расем. Ана, чунин бояд кард, то мо ба амалҳои номатлуб даст назанем.  Узви фаъоли КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *