Рубрики
Асосӣ

ДЕВАШТИЧ: Идомаи аксияи “Роҳ ба сӯи дониш”

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич оид ба фароҳамсозии шароит ва ҳалли мушкилоти табақаҳои камбизоати ҷомеа, аз ҷумла ятимон, бепарасторон, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ҷиҳати таъмини либос ва дигар лавозимоти мактабӣ дар оғози соли нави хониши 2022-2023 иқдоми хайриявиро роҳандозӣ намуд.

Дар ин иқдом оилаҳои имкониятҳои маҳдуди молиявӣ дошта фаро гирифта шуда, аз ҷониби кумитаи ноҳиявӣ ба онҳо сару либоси ягонаи мактабӣ, ҷузвдон, қаламу дафтар ва дигар лавозимоти мактабӣ тақдим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *