Санаи 7-уми соли равон масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич бо усули кўча ба кўча ва сўҳбати сарироҳӣ баҳри вусъат бахшидани корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус дар деҳаи Лолазори Ҷамоати деҳоти Яхтан бо сокинони деҳа мулоқот намуда, ба онҳо оиди аз нав хурўҷ кардани бемории сироятии КОВИД-19, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, риояи масофаи байниҳамдигарӣ, мунтазам шустани дастон бо собун ва маҳлулҳои антисептикӣ, ҳифз намудани солимии худ ва аҳли оила суҳбат гузаронида шуд. Дар як вақт ба онҳо варақаҳои тарғиботиро оиди пешгирӣ ва риоя намудани қоидаҳои санитарӣ гигенӣ тақсим карда шуд.
Рубрики