Рубрики
Асосӣ

ДЕВАШТИЧ: ИДОМАИ МУЛОҚОТИ ВАКИЛОН БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

Мутобиқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии “Деваштич-24” Исмоилиён Комрон Исмоилзода ва ҳавзаи интихоботии “Спитамен-25” Аҳмадзода Бахтиёр бо интихобкунандагони Ҷамоатҳои деҳоти Ғазантарак ва Яхтани ноҳияи Деваштич мулоқот доир карда шуд.

 Дар вохӯрӣ вакилон Исмоилиён Комрон ва Аҳмадзода Бахтиёр Муроҷиатномаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат намуда, ҳамчунин оид ба қарору қонунҳои ба тозагӣ қабулнамудаи парлумон, ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, иҷрои дастуру супоришҳои дар Паём ироанамудаи Пешвои муаззами миллат ва дигар масъалаҳои меҳварии сиёсати мардумпарваронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ суханронӣ намуданд. 

      Ҳамзамон зимни мулоқот масъалаҳои омодагӣ ба давраи зимистони дарпешистода, таъмини аҳолӣ ва муассисаҳои таълимиву тандурустӣ ва дигар ташкилоту идораҳо бо неруи барқ дар фасли сармо, рафти даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶумҳурииТоҷикистон, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирии тамоюли бегонапарастӣ ва шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Инчунин дар мулоқот пирони рӯзгордида ва собиқадорони меҳнат баромад намуда, ҷиҳати вусъат ёфтани корҳои ободониву созандагӣ дар ҳудуди ноҳия фикрҳои ҷолиби худро баён намуданд ва дар як вақт арзу сипос ва миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  иброз доштанд.

    Мулоқотҳои вакилон бо интихобкунандагон дар Ҷамоатҳои деҳоти Росровут, Ваҳдат, Исмоили Сомонӣ, Далёни Боло ва Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *