Рубрики
Асосӣ

ДЕВАШТИЧ: Истиқлолият- ифтихори ватандории мост!

Мафҳуми Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як фарди мамлакат, баробари Ваҳдати миллӣ арзиши бузург дорад. Зеро Истиқлолият тавонисти чун омили нерӯманди ҷомеа дар як марҳилаи тақдирсози таърихӣ барои мардуми мо хизмати бузургро анҷом бидиҳад. Агар бо шарофати ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима ёфта бошад, пас бо падидаи ба истиқлолият соҳиб гаштани давлати тоҷикон ҷиҳати таъмини Ваҳдати милливу ба эътидол овардани фаъолияти сохторҳои қудратӣ, барқарор гардидани шохаҳои ҳокимияти давлатӣ заминаи воқеӣ гузошт. Ин боиси он гардид, ким о имрӯз дар як кишвари ободу озод, соҳибистиқлолу демократӣ ва дунявӣ умр ба сар бурда, ба дастовардҳои беназир шарафёб гардида истодаем.

Истиқлолият муҳимтарин дастовард барои халқи шарафманди Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ба ҳамагон маълум аст, ки соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ дар кишварамон заминаи воқеӣ барои обод гаштани ватанамон гузоштааст. Ҷанги шаҳрвандӣ тамоми соҳоти хоҷагии халқро хароб намуда иқтисодиёту иҷтимоиёти кишварамонро бо танназул рӯ ба рӯ карда буд, ҳазорон нафар гурезаву оилаҳо бесаробон монданд. Оқибати ҷангу ин бесарусомониҳо ба ҷуз фасоду ғоратгарӣ дигар ҳосиле наёвард, ки ин мақсади душманони миллати мо буд. Ҳатто меъёрҳои конститутсионӣ поймол гардида буданд ва ҷинояткорӣ ба рафтори муқаррарӣ табдил ёфта буд. Он рӯзҳои аз сари мо гузаштаро метавон ба имрӯза ҳолатҳои мамолики Шарқ ва Ҷумҳурии Украина ташбеҳ дод. Дар ин ҷангҳои бародаркушӣ ҳамеша сараввал мардум гумроҳ гардонида шуда, марзу бум хароб мегардад, сипас солҳои тулонӣ лозим аст, ки ин кишвар ба худ ояд. Маҳз дар ҷанги шаҳрвандии мо баъзе аз шаҳрвандони мо, ки ватанашонро бо пулу мол иваз карда буданд, бевиҷдонона фурӯхтанд ва барои сарзадани оташи ҷанг дар хонадони мо мусоидат намуданд. Ва ин хиёнаткоронро ҳеҷ гоҳ ҳозира ва минбаъда насли мо намебахшад.

Воқеаҳои нохуши охирин, ки дар оғози соли нав дар сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон ба вуқӯъ омаданд, танҷиву оромиимардумро халалдор намуда ба чандин хонавода зарари молиявию маънавӣ расонид.

Мардуми меҳнаткаши назди сарҳади тоҷикнишин ҳамеша дар ҳарос ҳастанд, ки гӯё ба хонаводаи онҳо низ сарбозони қирғиз ҳамла меоранд. Аз тарс аз чашмони кӯакону модарон пирони рӯзгордида ашк мерезад. Магар ин дуруст аст? Куҷо шуд одамгариву бародарӣ? То кай мекунад давом, ин корҳои бесомон. Ҳой мардум ба худ оед “Ҳаққи ҳамсоя ба Худо баробар аст” мегӯянд магар Шумо инро намедонед.

Қайд менамоям, ки чун мо як маротиба дар чоҳи чунин бесарусомонӣ афтода будем ва минбаъд набояд зиракии сиёсиро аз даст диҳем ва нагузорем, ки садои гиряе дар хонадони миллати мо ба гӯш расад. Бояд байни сокинон, алахусус ҷавонон оиди муқаддасоти миллию давлатӣкорҳои тарғиботиро фарохтар ба роҳ монд, зеро дар шароити кунунӣ тарғиби дастовардҳои даврониистиқлолиятуваҳдати миллӣ сари вақтист.

Дар шароити имрӯза чораҳои ҳифзи Истиқлолияти давлатиро бе мубориза бар зидди гурӯҳҳои ифротгаро тасаввур намудан номумкин аст. Ва мо ҷавононро зарур аст, ки дар ин самт зиракии сиёсиро аз даст надода, бо истифода аз ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худ тибқи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ рафтор намоянд. Ба ин албатта, доштани иродаи қавӣ, дониши мустаҳкам ва меҳру муҳаббати зиёд нисбат ба Ватан кӯмак мекунад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар мулоқоту вохӯриҳо ва суханрониҳои махсуси хеш борҳо таъкид месозанд, ки имрӯз аз файзу баракати истиқлолияту соҳибихтиёрӣ ва Ваҳдати миллӣ мардуми мо дар шоҳроҳи рушди устувор бо эътимоди комил ба имрӯзу фардои Ватани азизамон қадам мезанад. Сатҳи зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва худшиносиву щурури миллии мо пайваста такомул ёфта, назария ва амалияи давлатдории Тоҷикистони озоду демократӣ дар ҷаҳони муосир эътироф шуда, мақому манзалати шоистаи худро пайдо намудааст, ки боиси ифтихори ҳамаи мо мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва соҳибтамаддун таҳти сарварии дурбинонаи Пешвои миллат дар арсаи байналмиллалӣ мавқеи сиёсии хешро мустаҳкам намуда, бо давлатҳои хориҷи кишвар муносибатҳои хуби сиёсиву иқтисодиро ба роҳ мондааст. Дар ҳамин радиф, барқарор гардидани муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати бародару ҳамсоя – Ӯзбекистон далели ин гуфтаҳо буда, муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар самти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ иду кишвар худ ба назар мерасад. Ин албатта, ташаббус ва иқдоми ваҳдатгароёнаи Сарвари давлат буд, ки ду миллати ҳамдилу ҳамфарҳангу ҳамсарҳад ба ҳам омада, имрӯз мардум бея гон мушкилӣ рафту омад доранд. Боз шудани марзҳои давлати Тоҷикистону Ӯзбекистон дар арафаи ҷашни Наврузи ҷаҳонӣ барои ин ду миллати ташнаи дидор тӯҳфаи арзанда гардид. Воқеан, ин ҳодисаи сурурбахш аз сиёсати дӯстпарваронаи Пешвои миллат дарак медиҳад. Ин иқдом дар оянда барои ҳарду давлат имкон хоҳад дод., ки ҳам иқтисодиёт ҳам иҷтимоиёту фарҳангу маданият рушд ёбанд.

Тавассути Истиқлолият ва Ваҳдат мо ба муҳимтарин дастоварҳо дар бахшҳои гуногуни хоҷагии халқ ноил гардида, орзуву омоли чандинсолаи гузаштагонамонро амалӣ гардонидем. Як мушоҳида, дар сар то сари ҷумҳурӣ гувоҳӣ он аст, ки баъди соҳибистиқлолӣ ва имзои Созишномаи истиқрори сулҳ рушду тараққиёти кишвар то кадом андоза ба даст омад. Сар аз ташкили корхонаҳои хурду бузурги саноати то бунёди макотибу кӯдакистон, беморхонаву қасрҳои фарҳанг ва даҳҳои дигар ибтикороти созандаи давлату Ҳукумат далолати гуфтаҳои боло мебошад. Мо ҷавонон бояд ба ин неъматҳои бебаҳо шукргузорӣ намуда дар атрофи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчамъ ва дар тадбиқи сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат саҳми арзанда гузорем.

Бо итминон метавон гуфт, ки дастовардҳои имрӯзаи ноҳия аз баракати соҳибистиқлолӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат аст, ки дар дили мардум тухми бунёдкорӣ, созандагӣ, меҳру муҳаббат  ба Ватан, модар, миллат ва марзу бум, гиромидошти суннатҳои миллиро коштаанду имрӯз боровар аст.

Аз фурсати нек истифода бурда, ҳар яки шуморо ба муносибати ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии кишварамон шодбош гуфта,  зиндагии осудаи ҳамешагӣ, солимии бардавому умри бобаракат, саодату  комёбиҳо орзумандам.

Ҷашни Истиқлол муборак, ҳамдиёрони азиз!

Маратҷон ҶАББОРОВ,

 Узви фаъоли КИ ХХДТ дар ноҳияи Деваштич

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *