Санаи 6-уми ноябри соли 1994, яъне 28сол қабл тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Конститутсия ҳуҷҷатест, ки иродаи халқро ифода мекунад. Он баробари муҳофизи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон буданаш кафили ободию оромӣ ва таъминкунандаи истиқололияти кишвар аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гаштаю баргашта таъкид мекунанд, ки мақсадҳои бапешгузоштаи мо дар мавриде пурра амалӣ мегарданд, ки шаҳрвандон нисбат ба Конститутсия, қонунҳои дар такя ба он қабулгардида эҳтиром дошта бошанд, барои иҷрои нишондодҳои онҳо аз таҳти дил азму талош варзанд.
Мо шукргузор аз он ҳастем, ки Конститутсияи ҷумҳурии мо инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро ба сифати арзиши олӣ эътироф, дахлнопазирии ҳуқуқҳои фитрӣ, аз ҷумла ҳаёт, қадр ва номуси инсонро ҳифз менамояд. Конститутсияи мо дар радифи панҷ давлатҳои узви Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо чун яке аз беҳтаринҳо эътироф шудааст.
Чӣ тавре дар Конститутсия таъкид мегардад, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст. Дар заминаи ин ҳуҷҷати муҳимми тақдирсоз дар ҷомеаи мо сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, рушди устувору босуръати ҳамаи соҳаҳо, зиндагии осудаи мардум, бовару умеди онҳо ба ояндаи дурахшон, нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таъмин гардид.
Туфайли нишондодҳои Конститутсия дар давлати мо барои таҳсили илм кардан, маърифати худро баланд бардоштан тамоми шароитҳо муҳайё гардонида шудааст. Шаҳрвандони синну соли мухталиф ҳуқуқ доранд аз рӯйи хоҳиши худ дар зинаҳои гуногуни таълим таҳсил намоянд, касб омӯзанд, маълумот гиранд ва озодона меҳнат карда, дар ободии кишвар саҳми босазо гузоранд.
Омӯзгорони мо вазифадоранд, ки қабл аз ҳама Конститутсия, қонунҳоро пурра омӯзанд, дар навбати худ насли наврасро бо мақсаду мароми ин ҳуҷҷати муҳим, ки муайянкунандаи тақдир ва раҳнамои мо ба сӯйи фардост, мақсаду моҳияти қарорҳои қабулшуда ошно созанд. Дар дилу вуҷуди онҳо аз овони хурдӣ меҳру самимияти зиёдро нисбат ба ҳамаи муқаддасоти давлат, аз ҷумла Конститутсия ба вуҷуд оваранд. Лаҳзае фаромӯш накунем, ки мардуми Тоҷикистон, бахусус ҷавонон ҳамеша бояд ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Барои ҳимояи сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ, таъмини зиндагии осоишта дар кишварамон доимо омода бошанд. Зеро то ба имрӯз неруҳои террористию экстремистӣ, хоинону душманони миллати тоҷик ва давлати тоҷикон дар такя ба кумаки хоҷаҳои хориҷӣ аз нияту нақшаҳои ғаразноки худ даст накашидаанд. Воқеаҳое, ки чанде пеш дар шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадии вилоятамон ба амал омад, гувоҳи ин ҳол аст.
Кулли ҳизбиёни иззатманди кишварро ба ифтихори ду санаи таърихӣ – Рӯзи қабули Конститутсия ва интихоби Президенти кишвар самимона табрик мегӯям. Орзуманди онам, ки дар хонадони ҳар яки шумо, азизон, сулҳу амонӣ, хушбахтӣ ва саодати рӯзгор пойдор бошад. Бигузор арзишҳои ин ҳуҷҷати тақдирсозу таърихӣ кафолати зиндагии орому осудаи ҳар яки мо гардад.