Рубрики
Асосӣ

ДЕВАШТИЧ: Конференсияи ХХI ҳисоботӣ-интихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич доир гардид.

Дар асоси барқияи КИМ ҲХДТ аз 25.05.2022.№12 ва дар асоси  ҷадвали тасдиқнамудаи муовини якуми Раиси ҲХДТ аз 1-июли соли 2022 оиди баргузории конфренсияҳои  ҳисоботӣ- интихоботии  ташкилотҳои ҳизбии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Конференсияи ХХI ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич  дар толори Қасри фарҳанги ба номи АбуАбдуллоҳ Рӯдакӣ барпо гардид. 

 Дар кори Конференсия  муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов, мудири шӯъбаи занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Заррина Раҳмон Аҳадзода, раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич Маъмурзода Равшаной Азизбой,  вакилон ва фаъолони ҲХДТ иштирок намуданд.

 Дар Конференсия масъалаҳои зерин мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

1.  Ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич дар давраи аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022.

2. Ҳисоботи комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич дар давраи аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022.

3. Интихоби ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Деваштич.

4.Интихоби комиссияи тафтишотии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич.

5. Интихоби вакилон ба конференсияи XV ҲХДТ дар вилояти Суғд.

6. Масъалаҳои ҷорӣ.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич Маъмурзода Равшаной Азизбой, дар бораи фаъолияти КИ ҲХДТ дар давраи аз моҳи ноябри соли 2019 то июли соли 2022 ҳисобот дод.

Чӣ тавре дар баромад қайд гардид, дар давраи ҳисоботӣ сафи аъзои ҳизб мутобиқи нишондахои оморӣ  афзун гашта,   қабули аъзоён ба сафи ҳизб аз ҳисоби занон, мардон ва ҷавонон нисбат ба ноябри соли 2019 100% афзоиш ёфта, шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ низ зиёд гардидааст.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии   Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич ва сохторҳои ҳизб дар ноҳия дар ҳаёти сиёсии ҷомеа мақоми устувори худро пайдо карда, баҳри мустаҳкам намудани обрӯю эътибори ҲХДТ ҳамарӯза талош меварзанд.

Дар музокира вакил аз ташкилоти ибтидоии ” Маорифчиён” -мудири шӯъбаи маорифи ноҳия Ботур Расулов, вакил аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шифо” Каромат Саидова баромад намуда, ҳисоботи  Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ-дар  ноҳияро  дар давоми моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022 мусбат арзёбӣ намуданд.

 Зикр гардид, ки Ҳизбиён дар тарғиби Паёми Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешгирии падидаҳои номатлуб, хизмати содиқона ба Ватан, ҳимояи марзу буми он, дар руҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли наврас ҳиссаи босазои худро гузоштанд. Фаъолияти дохилиҳизбӣ такмил дода шуда, муқоисакунии аъзои ҳизб гузаронида шуд.

 Ҳозирин маърӯзаи аъзои комиссияи тафтишотии назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич  Хайрулло Саъдиевро ҷиҳати ҳолати молиявии Кумита дар ин давра шуниданд. 

 Муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов зикр дошт, ки ҲХДТ суботи сиёсӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро асоси иродаи озоди мардум дониста, барои пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон ғояи истиқлолият ва озодиро таҳким бахшида, барои пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, рушду нумӯи иқтисодиёт, илму фарҳанг ва дар маҷмӯъ, давлатдории миллӣ саъю талош менамояд.

Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода- вакил аз ташкилоти ибтидоии “Исмоили Сомонӣ” дар  назди ҳозирин баромад намуда, зикр карданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар эъмори давлати демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои он, фароҳам овардани саодати халқ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ва ҳамватанон мунтазам талош дорад.

 Инчунин дар Конференсия аъзои КИ ҲХДТ дар ҳайати 35 нафар ва раёсати он дар ҳайати 13 нафар интихоб гаштанд. Вакилони Конференсия 22 нафар вакилонро  ба Конференсияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд пешниҳод намуданд.

 Дар интиҳо ба як қатор фаъолони ҳизб  Сипосномаҳои КИМ ҲХДТ, КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич супорида шуданд.

 Дар маҷлиси аввалини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич дар мувофиқа бо Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Кумитаи Иҷроияи Марказии  ҲХДТ номзадии Маъмурзода Равшаной Азизбой ба вазифаи Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич пешбарӣ гардид. Бо овоздиҳии умумӣ ва якдилона номзадии пешбаригардида тасдиқ карда шуд.

  Бо ҳамин Конференсия кори худро ба анҷом расонид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *