Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Варзишгар»-и Муассисаи давлатии мактаби варзишии бачагона ва наврасони ба номи Багут Холов маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ гузаронида шуд.
Сараввал дар маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли ҷорӣ шунида шуда, қайд карда шуд, ки ташкилоти ибтидоии «Варзишгар» дар давраи ҳисоботӣ корҳои назаррасро ба сомон расонида, аъзоёни ташкилот доимо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки насли ҷавонро дар рӯҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ ва ҳарбӣ-ватандӯстӣ тарбия менамоянд.
Пас аз шунидани ҳисоботи Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Назирчон Комилов бо ҷонибдории аъзоёни ташкилот раиси ташкилот интихоб гардида, қарор қабул карда шуд. Сипас худи раиси ташкилоти ибтидоӣ ҳамчун вакил ба Конференсияи ноҳиявии ҳизбӣ пешбарӣ гардид.