Санаи 13-уми майи соли 2022 дар толори МИҲД-и ноҳияи Раёсати адлияи ноҳияи Деваштич дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД- и ноҳия ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич мизи мудаввар таҳти унвони “Оилаи солим- ҷамъияти солим” бахшида ба Рӯзи байналмиллалии оила баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини раиси ноҳия Нуруллозода Ганҷина, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Маъмурзода Равшаной, ҳамчунин роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, собиқадорони меҳнат ва шаҳрвандони фаъоли ноҳия иштирок намуданд. Сараввал муовини раиси ноҳия Нуруллозода Ганҷина доир ба мавқеи оила дар ташаккули ҷомеаи солим баромад карда, ҳозиринро бо Рӯзи байналмилалии оила табрик намуд. Пас аз он мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия Яҳёзода Лола, мудири бахши кор бо занон ва оила Ғиёсиддинзода Бунафша Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Маъмурзода Равшаной баромад намуданд.
Маъмурзода Равшаной дар баромади худ ҳозирини чорабиниро бо Рӯзи байналмилаллии оила табрик намуд. Ҳамчунин доир мавзӯъҳои ҳифзи марзу буми Ватан, даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, гиромидошти арзишҳои миллӣ ва дигар мавзӯъҳои меҳварӣ мубодилаи афкор баргузор гардид.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба оилаҳои намунавӣ мувофиқи Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия Меҳрномаи КИ ҲХДТ дар нохияи Деваштич ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.