Рубрики
Асосӣ

ДЕВАШТИЧ: МУЛОҚОТИ БАХТИЁР АҲМАДЗОДА БО ИНТИХОБКУНАНДАГОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ҒАЗАНТАРАК

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии “Спитамен-25” Бахтиёр Аҳмадзода вобаста ба таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 ва санадҳои нави ин мақоми олии қонунбарор бо интихобкунандагони Ҷамоати деҳоти Ғазантарак мулоқот анҷом дод. Инчунин дар вохӯрӣ муовини Раиси ноҳия Ганҷина Нуруллозода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Рашидзода Ботур ва масъулини Ҷамоати деҳоти Ғазантарак иштирок доштанд. Дар мулоқот вакили Маҷлиси намояндагон вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагони худ сӯҳбат намуда, ҷавононро ба ватандӯстию хештаншиносӣ даъват намуд. Вобаста ба ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ба падару модарони ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки фарзандони худро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намуда, ба хизмати Ватан-Модар омода намоянд. Ҳамчунин сокинонро ба сарфакоронаю дуруст истифода бурдани неруи барқ, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигию президентӣ ва аз он гирифтани ду — се ҳосил ва захираи дусолаи маводи хӯрокворӣ, инчунин корҳои созандагию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуд. Ҳамзамон ёдовар шуд, ки кишоварзони мамлакат аз дастгириҳои пайвастаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳу илҳоми тоза гирифта, сайъ менамоянд, ки аз ҳар ваҷаб замин самаранок истифода бурда, аз он ду-се ҳосил рӯёнанд, то дар таъмини бозори истеъмолӣ саҳми арзанда гузоранд. Дар фарҷоми мулоқот Бахтиёр Аҳмадзода ба дархосту саволҳо ва пешниҳодҳои интихобкунандагон посухҳои мушаххас баён намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *