Рубрики
Асосӣ

ДЕВАШТИЧ: МУСОБИҚАИ ҲАРБӢ – ВАРЗИШИИ “ВАТАНПАРВАР” БАХШИДА БА ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ”СОЛИ 2024-СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ”

Санаи 25 январи соли 2024 аз ҷониби кумитаи тадорукоти мусобиқаи ҳарбӣ – варзишии Ватанпарвар дар ҳайати шӯъбаи маорифи ноҳия, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, КИН ҲХДТ дар ноҳия, ТҶ “Мададгори мудофиа”-и ноҳия, МД “Мактаби варзишии ба номи Б.Холов”-и ноҳия, маркази таҳсилоти иловагии ноҳия ва комиссариати ҳарбии ноҳияи Деваштич бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, дар руҳияи ифтихори миллӣ тарбия намудани ҷавонон, тақвият бахшидани фанни омодагии дифоӣ дар синфҳои болоӣ, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии ҳимояи Ватан-Модар, баланд бардоштани маърифати мудофиавии ҷавонон ва ҳавасмандгардонии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ даври ноҳиявии мусобиқаи ҳарбӣ – варзишии “Ватанпарвар” дар сатҳи баланд баргузор карда шуд. Дар озмуни мазкур дастаҳо мувофиқи Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия фаъолона иштирок намуда, тибқи шартҳои гуногуни мусобиқа байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дар ҷамъбаст ҳамаи ғолибон мувофиқи бахшҳои гуногуни мусобиқаи ҳарбӣ – варзишии Ватанпарвар бо Ифтихорномаву медалҳо сарфароз гардонида шуданд. Суратгузориш аз ҷараёни баргузории мусобиқа:

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *