Рубрики
Uncategorized

Деваштич: Паём-роҳнамои дурахшони Ватан!

    Таҳти ин унвон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фарҳангчиён-и ноҳияи Деваштич мизи мудаввар баргузор гардид.Дар он Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Маъмурзода Равшаной, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИН ҲХДТ Ёдгорова Раҳбар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  паёми беҳтарин, роҳнамои дурахшони Ватан, башоратҳои навин барои миллату давлати тоҷик, қадами устувор ба ояндаи мунаввар,паёми равонбахшу пурнишот ба аҳли ҷомеа арзёбӣ намуданд.

Инчунин фарҳангчиён низ фикру андешаҳои худро оиди шарҳу тавзеҳи Паём баён  намуда, зикр карданд, ки дар ҳақиқат ин абармарди ояндасозу оядабин рушди  фарҳангро дар мадди боло мегузоранд ва аз пайи дастгирӣ ҳастанд.Баланд бардоштани маоши кормандони соҳаи фарҳанг дар қатори дигар соҳаҳо имрӯз барои фарҳангчиён муждаи саодатбахш ва собитгари суханҳои болост. Аз ин хотир, мо аҳли фарҳангчиёнро зарур аст, ки дар зери сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат фаъолият бурда, дастуру супоришҳои Сарвари давлатро дар ин самт сармашқи кори худ қарор диҳем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *