Рубрики
Асосӣ

ДЕВАШТИЧ: ТАНТАНАИ ҶАШНИ 30-СОЛАГИИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

          Таърихи 24 ноябри соли равон дар ноҳияи Деваштич ба муносибати таҷлили ҷашни 30-юмин солгарди Рӯзи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва арҷгузорӣ ба ин муқаддасоти миллӣ роҳпаймоӣ баргузор гардид.

Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич, аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ, кормандони ташкилоту корхонаҳо, фаъолон, собиқадорони ҳизб дар даст  Парчам ва шиору овезаҳо аз кӯчаи марказӣ то майдони Парчами давлатӣ бо шиори “Парчамат бодо парафшон -Тоҷикистон!” роҳпаймоӣ намуданд.

         Пас аз роҳпаймоӣ раиси ноҳия Ашӯралӣ Ҷалилзода кулли иштирокчиёни чорабинӣ, шаҳрвандон ва сокинони ноҳияро бо ҷашни 30-солагии Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуданд.

       Дар фарҷом аҳли ҳунармандони ноҳия бо барномаҳои рангини худ табъи иштирокчиёни чорабиниро болидахотир намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *