Рубрики
Асосӣ

ДЕВАШТИЧ: ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ

Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич вобаста ба мавсими мусоид тадбирҳои судманд ҷиҳати вусъати корҳои ободониву созандагӣ, кабудизоркунӣ ва сарсабзу зебо гардонии ҳар як гӯшаи ватани азизамон андешида мешаванд. Мавриди зикр аст, ки санаи 12-уми феврали соли равон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷамоати шаҳрак” бо иштироки масъулину аъзоёну ҷонибдорони ҳизбӣ шинонидани дарахтони ҳамешасабз, ба монанди арча баргузор гардид. Бояд гуфт, ки арча дарахти рӯшноидӯст буда, ба шароити хушкӣ ва хунукӣ ниҳоят тобовар мебошад. Аз ин ҷост, ки арча ҳатто метавонад дар заминҳои регзор, оҳаккӯҳ, тарқиши шахҳои урён, пастхамиҳои кӯҳсор низ нашъунамо кунад. Арча ба сармои қаҳратун низ тобовар буда, ба ин мақсад аввали баҳор дар ниҳолхона (ё парвардахона) тухмашро мекоранд. Дар шароити мусоид тақрибан пас аз як моҳ тухм неш зада, ба сабзиш шурӯъ намуда, дар давоми се чор соли парвариш ниҳоли навраси сарв то як метр қад мекашад ва онро ҷиҳати кабудизору сарсабзу хуррам гардонидани гулгашту хиёбонҳо, шоҳроҳҳо ба ҷои доимии мувофиқ мешинонанд. Чунин тадбирҳои сабзкориву кабудизоркунӣ ва тоза намудани гирду атрофи маҳалли худ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич бомаром идома дорад. Суратгузориш аз ҷараёни кабудизоркунӣ:

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *