Яке аз проблемаҳои ҷаҳонии имрўза ин терроризм ва экстремизм ба ҳисоб меравад. Тамоми давлатҳои дунё кўшиш мекунанд, ки роҳи нави мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуби ҷомеаро ҳарчи зудтар пайдо намуда, онро решакан намоянд. Аз таҳдиди ин зуҳуроти номатлуб тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ дар канор буда наметавонанд.
Маънои аслии экстремизм бошад, ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо, амалҳои тундравона, аз ҳадду андоза гузаштан аст. Терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон, ба ҳар як сокини сайёра таҳдид намуда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Рўз то рўз терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавононро ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ мусоидат менамояд.
Терроризм ва экстремизм имрўзҳо хусусияти байналмилалиро касб кардааст, ки абарқудратҳо ба воситаи он манфиатҳои миллию давлатиашонро ҳимоя мекунанд.
Террорист- террорист аст ва ў ҳеҷ гоҳ худӣ ва ё бегона ва ё таҳаммулгаро буда наметавонад.
Барои мубориза алайҳи ин зуҳуроти бениҳоят хатарнок саъю кўшиши ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим аст, ки дар сатҳи олии ҳамаи давлатҳо бояд ба танзим дароварда шавад. Барои амалӣ гардонидани амалиёти самаранок бар зидди терроризм, дар навбати аввал, заминаи ҳуқуқии ин мубориза бояд гузошта шавад.
Имрўз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро мебояд баҳри ҳифзи Ватан аз ин хатарҳои муосир камари сидқу садоқат банданд ва баҳри пойдории сулҳу субот ва амнияти миллӣ содиқона ба Ватан хизмат намояд. Хусусан тамоми ҷавонони меҳанро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода фирефтаи гурўҳҳои террористӣ ва экстремитӣ нашаванд.
С.Баҳодуров- корманди ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич