Рубрики
Асосӣ

ДЕВАШТИЧ: Чорабинии идона дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази ёрии иҷтимоӣ”-и ноҳияи Деваштич

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  неъмати бузург  барои миллати тоҷик аст, ки он бо шарофат ва сиёсати некбинона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, имрӯз халқи тоҷик бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи  кишвар зиндагии осуда доранд.

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич дар арафаи таҷлили 31 – умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бошандагони Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолон ва маъюбони  ноҳияи Деваштич чорабинии идона  баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич Равшаной Маъмурзода,  муовини раиси ноҳия Ганҷина Нуруллозода иштирок намуда, бошандагони марказро бо ҷашни соҳибистиқлоли кишвар табрик намуданд.

Зикр гардид, ки   таваҷҷуҳ ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа, шахсони маъюбу танҳо, ятимон, мактаб-интернатҳо ва аз ҷумла  бошандагони маркази мазкур ҳамеша дар мадди аввали  давлату ҳукумат қарор дошта, дар ҳар иду айём ба онҳо  кӯмаки моддӣ ва маишӣ  расонида, аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки дар Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолон ва маъюбони  ноҳияи Деваштич барои 222 нафар хизматҳои иҷтимоӣ расонида шуда, аз ин шумора 54 нафар бошандагони он бо як маҳал хӯроки гарм ҳамарӯза таъмин карда мешаванд.

Дар ин марказ тибқи роҳхати Кумитаи маҳаллаҳои 8 Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия  эҳтиёҷманд қабул карда мешаванд.

 Дар ин рӯз аз тарафи ташкилоти иббтидоии ҳизбии “Маркази ёрии иҷтимоӣ”-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич барои бошандагони марказ дастархони идона ташкил  гардид. Инчунин кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур бо барномаи рангини фарҳангии худ ба чорабинӣ ҳусни идона бахшиданд, ки то дер дар хотири онҳо нақш хоҳад монд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *