Рубрики
Асосӣ

ДЕВАШТИЧ: Як рӯзи баҳор, пур кунад анбор….

  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич  вобаста ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин ва гирифтани ду-се ҳосил аз як замин гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, дар ин самт корҳои тарғиботию ташвиқотӣ вусъати тоза мегирад.

Санаи 5 июли соли равон гурӯҳи корӣ  бо усули “Гардиши хона ба хона” аз тарзи истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигии сокинони деҳаи Ғазантараки Ҷамоати деҳоти Ғазантарак дидан намуданд.

Қайд карда шуд, ки истифодаи самараноки замин асоси ҳосили фаровонии  зироат, замина барои  пурнур гардонидани дастурхони мардум ва ободиву осудагии ҳар хонавода, дар умум бошад, омили ғанӣ гардонидани бозори истеъмолии кишвар мебошад.

Зеро, дар ҳақиқат, дар мавсими кишту кор амалхои мақсадноку созандаи ҳар яки мо боиси фаровонии бозору дастурхони ҳар як оила аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *