Дар ҳошияи ҳидоятҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастури супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба исрофкорӣ ва кӯмаку дастгирии афроди ниёзманд, яке аз Пайравони Пешвои муаззами миллат соҳибкори зодаи ноҳияи Деваштичи муқими шаҳри Душанбе Фахриддин Файзиев амалҳои саховатмандиву корҳои хайр мекунад. Имрӯз дар арафи иди Қурбон баъд аз куштани гӯсфандӣ қурбонӣ ба таълимгирандагони “Литсей-интернети махсуси маъюбон” ки кӯдакони маъюбу ятим ба касбомузӣ фарогирифта шуданд ва “Муассисаи давлатии маркази дастгирии оила ва кӯдакони #2”-и шаҳри Душанбе, ки зиёда аз 70 кӯдак тарбият меёбанд оши палав тақдим намуд. Қобили қайд аст, ки номбурда ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд бо иштироки бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Маркази саломатии ноҳиявии №5” – ро бо харҷи зиёда аз 12 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода буд. Ин соҳибкори Ватанӣ иқдом дорад ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва амалҳои саховатмандиву хайрхоҳонаи худро ҷиҳати дастгирии афроди ниёзманд анҷом диҳад.
Рубрики
ДЕВАШТИЧ: Ҳар ки хандонад ятими хастаро..
