Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич ихтиёриёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар доираи Ҳафтаи “Поси хотир”, ки ҳамасола дар арафаи ҷашни Ғалаба баргузор карда мешавад, масъулини кумиҷроия барои гиромидошти хотири гузаштагон корҳои ободониву таъмиру тармим ва тозакунии оромгоҳҳои ҳудуди ноҳияро вусъати тоза бахшиданд.
Дар ин рӯз кӯчаҳои шафат, роҳраву айвонҳо ва ҳудуди оромгоҳҳо тоза карда, алафҳои хушкида ҷамъоварӣ карда шуданд.
Чун анъанаи нек дар давоми Ҳафтаи “Поси хотир” сокинони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Деваштич дар оромгоҳҳо ҳашарҳо баргузор намуда, хотири гузаштагонро бо ин амали нек ва абадӣ нигоҳ медоранд.