Рубрики
Асосӣ

ДЕВАШТИЧ: Ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич

Дар толори Ҷамъияти матлуботи ноҳия дар асоси ҷадвали пешниҳодгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд маҷлиси ҳисоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич оид ба ҷамъбасти соли 2021 баргузор гардид. Дар маҷлиси ҷамъбастӣ Раиси ноҳияи Деваштич муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода, Мудири шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зарина Раҳмон Аҳадзода, аъзоёни раёсат, вакилони маҷлиси вакилони халқи ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳия, як қатор раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, собиқадорони ҳизб иштирок намудан.Сараввал Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич Маъмурзода Равшаной маҷлиси ҳисоботиро оғоз намуда, ба аъзоёни ҳизб рӯзномаи маҷлисро пешниҳод намуд. Дар маҷлис масъалаҳои зерин барраси гардид:1. Ҷамъбасти фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳия дар соли 2021;2. Тасдиқи нақшаи тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;3. Тасдиқи нақшаи фаъолияти кумитаи иҷроия ва ташкилоти ибтидоии ҳизб барои соли 2022;Аз рӯи масъаи якуми Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Маъмурзода Равшаной доир ба фаъолияти кумиҷроияи ноҳия ҳизб дар соли 2021 маърӯза намуд. Баъдан муовини КАТС-и ноҳия Тӯйчиев К. Ба музокира баромаданд.Сипас, Раиси ноҳияи Деваштич муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода суханрони намуда, қайд намуданд, ки сиёсати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар заминаи таҷрибаи ҷаҳонии давлатдориву ҷомеасозӣ ташаккул ёфта, таҳти роҳбарии Раиси муаззами Ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зинаҳои нав ба нави рушдро соҳиб шуда истодааст.Ин ҳизб ба нерӯи муттаҳидкунандаи қишрҳои мухталифи ҷомеа табдил ёфта, рисолати таҳким бахшидани пояҳои давлатдории миллиро ба дӯш гирифтааст.-Боиси қаноатмандист, ки тамоми сокинони кишварамон, аз он ҷумла аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо рӯҳбаландӣ ва шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати миллӣ ва боварии бештар ба фардои ободу осудаи кишвари маҳбубамон дар фазои осоиштагӣ зиндагонӣ дошта, дар корҳои ободонию созандагии Ватанамон саҳми худро гузошта меоянд.Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия низ аз оғози таъсисёбӣ тибқи барнома ва оинномаи худ фаъолият намуда, дар тарғибу ташвиқи сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафарбар намудани аҳолӣ ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳиссаи худро гузошта меояд, таъкид намуданд, Раиси ноҳия.Инчунин Раиси ноҳия оид ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштаанд, суханрони намуд.Баъдан мудири шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зарина Раҳмон Аҳадзода баромад намуда, ки дар ҳаёти сиёсии ҳар як давлат баҳри ҳифзи манфиатҳои табақаҳои гуногуни ҷомеа, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои ғайрирасмӣ, ҳизбҳои сиёсӣ нақши муассир доранд. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар заминаи таҳкими арзишҳои демократӣ дар Тоҷикистон баҳри рушди бисёрҳизбӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Ин буд, ки дар ҷумҳурӣ 7 ҳизбҳои сиёсӣ ва дар ноҳия 6 ҳизбҳои сиёсӣ фаъолият намуда, дар ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ фаъолона ширкат варзида истодаанд.Сипас, аз ҷониби аъзоёни раёсат нақшаи тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи фаъолияти кумитаи иҷроия ва ташкилоти ибтидоии ҳизб барои соли 2022 тасдиқ шуд.Дар охир ба чанд нафар аъзоёни нави КИ ҲХДТ дар ноҳия шаҳодатномаи ҳизбӣ, ба аъзоёни фаъол Сипосномаи КИ ҲХДТ дар вилоят ва ноҳия супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *