Рубрики
Асосӣ Мақола

ДЕВАШТИЧ: ҶАШНИ 28-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК БОД.

Боиси қаноатмандист, ки тамоми сокинони кишварамон, аз он ҷумла аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо руҳбаландӣ ва шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати миллӣ ва боварии бештар ба фардои ободу осудаи кишвари маҳбубамон дар фазои осоиштагӣ зиндагонӣ дошта, дар корҳои ободонию созандагии Ватанамон саҳми худро гузошта истодаанд.

 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир дар ҷомеа мавқеи сазовори сиёсӣ ва ҷамъиятиро пайдо намуда, ҳизби пешсафи ҷомеа ба ҳисоб меравад.

 Ин ҳизб ба нерӯи муттаҳидкунандаи қишрҳои мухталифи ҷомеа табдил ёфта, рисолати таҳким бахшидани пояҳои давлатдории миллиро ба дӯш гирифтааст.

 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои дар ҳаёт татбиқ намудани орзуву ниятҳои халқ фаъолона талош варзида, ташаббускору навовар буда, дигаргуниҳои ҳаёти ҷамъиятиро дуруст дарк ва дар татбиқи амалҳои созанда пешсаф мебошад. Боиси қаноатмандист, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саривақт ва босифат ҳал гардидани масъалаҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа, махсусан ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ бо ғизои хушсифат ва саноатикунонии босуръати кишвар боварии мардумро ба фаъолияти пурсамари ҳизб бештар намуда истодаанд.

Боиси қаноатмандист, ки сокинони меҳнатдӯсти ноҳия ва аъзоёни ҳизб ҳамарӯза корҳои ободонию созандагиро бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни 35 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат бахшида истодаанд. 

 Имрӯз фазои сиёсии ҷаҳон то рафт мураккаб гардидааст. Мо шоҳиди он ҳастем, ки баъзе аз ҳизбу ҳаракатҳо бо кӯмаки хоҷагони хориҷиашон мехостанд бо роҳи ғайридемократӣ ба мақсадҳои ғаразноки худ расанд.

Хушбахтона, ба шарофати сулҳу ваҳдат ва ягонагиву муттаҳидии халқи Тоҷикистон онҳо натавонистанд ба мақсадҳои душманонаи худ расанд. Онҳоро халқ дастгирӣ накард ва онҳо душмани миллати тоҷик ҳисобида шуданд.

Барои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва аъзову ҷонибдорони он сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ арзишҳои бузург ба ҳисоб рафта, тарғибу ташвиқи фарҳанги сулҳпарваронаи тоҷикон яке аз мақсадҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.

 Мо ҳама як мақсад дорем, мақсади мо сарҷамъона ободу зебо гардонидани Ватани худ ва муҳайё намудани шароити беҳтарини зиндагӣ ба ҳар як шаҳрванд мебошад.

Боварии комил дорам, ки ҳар як аъзову ҷонибдори ҳизб бо дарки баланди масъулият ва меҳнати дучанд қувваи худро ба ободонии ноҳия сарф намуда, ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо сарбаландӣ ва нишондиҳандаҳои хуби меҳнатӣ истиқбол мегиранд.

Мудири шуъбаи молия-сармухосиб 

КИ ХХДТ дар нохияи Деваштич, 

Нилуфар Насирова.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *