Рубрики
Last News

ДИЛ МЕШАВАД ШУКУФОН АЗ КӮЧАҲОИ ВОРУХ

Имрӯз Ворух сари забонҳост ва он натанҳо мафҳуми номи як деҳа, балки ифодагари ваҳдату якдилӣ ва ҳамбастагии сокинони ҳама манотиқи Тоҷикистон дар атрофи сиёсати сулҳҷӯёна ва таҳаммулпазиронаи Пешвои миллат ҳам гаштааст.

Ҳоло, ки сару садоҳо атрофи ин минтақаи сарҳадии мамлакат зиёд аст, бо тасмим ва роҳнамоии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, муҳтарам Исмоилзода Зуфар Муртазохон раисони кумитаҳои иҷроияи шаҳрӣ ва ноҳиявии вилоят аз Ворух дидан карданд.

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро биҳишти рӯи замин унвон кардаанд. Сафари мо ба Исфара ва ҷамоати деҳоти Ворух инро бори дигар собит намуд. Боғҳои ғарқи гули зардолу, майсаи наврустаи киштаҳо, дашту кӯҳҳои сабзпӯш дилу дида мерабоянд.

Муҳимтар аз ин, ба рағми ҳама сару садоҳо дар ҷамоати деҳоти Ворух, ки 33 ҳазор нафар ҳаммилатони мо маскун ҳастанд, ҳама ба кору бори ҳамарӯза- кишту кор, ободкориву созандагӣ машғул ҳастанд. Ворухиёнро мо чун дар дигар манотиқи мамлакат меҳмоннавозу хайрхоҳ, хушмуомилаву дидадаро ва хушсухан дарёфтем. Бо гаштугузор дар деҳа, сӯҳбат бо кишоварзону омӯзгорон, соҳибкорон, бинокорон дар кӯчаю майдонҳо ва коргоҳҳояшон ба дилу нияти нек, ҳиммати волои онҳо бори дигар тан додем ва аҳсант хондем.

Тавре ба мо гуфтанд, дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30- солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо бунёди иншооти таъиноти гуногуни таълимию тиббӣ, фарҳангию варзишӣ симои ин гӯшаи биҳиштосои мамлакат боз ҳам зебою ороста шудааст. Ин бунёдкориҳо, ки аксарашон аз ташаббусу иқдоми шоистаи соҳибкорони ватандӯст ва ҳимматбаланди Ворух маншаъ мегирад, ҳоло ҳам идома доранд ва ҳини боздид мо ба ин шоҳид ҳам шудем. Ҳамроҳони мо муддате ба бинокорони хати оби нӯшокӣ, Майдони Парчам, Кохи фарҳанг, варзишгоҳ, боғи фарҳангу фароғат, муассисаи таълимӣ дар хиштчинӣ, омода намудани маҳлули бетон, андова, тахту ҳамвор кардани саҳни иншоот дастёрӣ намуда, боиси таҳсини онҳо ҳам шуданд.

Воқеан, сокинони Ворух ва дар маҷмӯъ шаҳри Исфара дар соҳибкорӣ низ муваффақ ҳастанд ва бо талоши онҳо ҳоло меваи хушки ин диёр дар Руссия ва дигар давлатҳои Аврупо харидори зиёде пайдо намудааст. Онҳо пайваста барои ободии диёрашон саҳм мегузоранд ва коргоҳҳои зиёди истеҳсолию иҷтимоӣ низ сохтаанд. Порина, ҳангоми хуруҷи бемории вогири коронавирус соҳибкорони Ворух ба зодгоҳашон маҷмӯи калони дорувор ва таҷҳизоти тиббӣ фиристода буданд. Ҳол низ даҳҳо иншоот бо саҳмгузории онҳо бунёд карда мешавад. Сано мегӯем ба чунин соҳибкорони ватандӯст!

Ҳангоми бозгашт аз байни боғҳои гулбасари Исфара мегузаштему мулоқоту сӯҳбатҳо бо сокинони хушодобу самимӣ ва меҳнатдӯсти Ворух пеши назарамон меомад. Мо дар маркази ин деҳаи зебоманзари марзии кишвар ба сохтмончиёни сутунпояи Парчами миллӣ низ дастёрӣ кардем. Ин парчам дар Ворух – ин марзи муқаддаси Ватан, абадӣ парафшон хоҳад монд.

Мурод Шукурзода,

раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент,

узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *