Рубрики
Uncategorized

“ДУОИ МОДАР”

                            

 АНДЕША:  Ба ҳамагон маълумаст, ки рӯзи гузашта  (07.10.21) бо иштироки Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд маҷмааи “ДУОИ МОДАР” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.  Дар воқеъ ба истифода додани чунин як маҷмаа аз он дарак медиҳад, ки миллату давлати тоҷик ва  ба хусус Роҳбари хирадманди тоҷик ба зан модар эҳтироми хосаю беандоза доранд.

Далели ин нуқтаро аз чанд зовия метавон шарҳ дод: масалан дар даврони соҳибистиқлолии кишвар мавқеъ занон дар баробари мардон боло бурда шуд. Дар зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи зан модар боло буда, дастгирии ҳаматарафаи занон бо кору таҳсил ҷалб намудани онҳо, ҷалби занон бо корҳои ҷамъиятию сиёсӣ аз меҳвари асосии сиёсати Роҳбари давлат мебошад. Илова бар ин шоистаи таъкидаст, ки Пешвои миллат аснои ба истифода додани маҷмааи “Дуои модар” бори дигар собит карданд, ки ба зан модар ҳам ботинан ва ҳам зоҳиран, инчунин дар сиёсати давлатдории хеш эҳтироми хоса доштаву доранд. Пас месазад гуфт, ки сано бар модаре чунин фарзона фарзанд зодааст.  Бар гардем сари мақсад ба истифода додани маҷмааи “Дуои Модар” ин ҳам дар канори фурудгоҳ ҷое ки ҳамарӯза ҳазорҳо нафар ба мусофират мераванду бармегарданд.  Тасаввур кунед ҳар нафаре ба сафар меравад ё меояд нахуст бо дидани ин муҷассама модараш,  нафаре ки меҳрубону мушфиқӣ зиндагист бо ёдаш меояд. Воқеъан ин маҷмаа як туҳфаи нодиру таърихи дар остонаи 30-содагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар фарди тоҷик мебошад. Ашк рехтанҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аснои ба истифода додани маҷмааи “ДУОИ МОДАР”  бори дигар ҳамон мисраҳои шоири зиндаёд Лоиқ Шералиро пеши назар зинда кард: ки шоҳу гадо ҳама дар пеши пойи модар таъзим мекунанд. Тавре Роҳбари  давлат борҳо дар суҳбатҳояшон қайд кардаанд, ки “Модар офарандаи ҳаёт аст” воқеан модар бузургасту ҷойгоҳаш нури дидаву дилҳост. Банда аз ин сафари таърихии Пешвои миллат ба Суғди бостон ва ба хусус ба истифода додани маҷмааи “Дуои Модар” илҳоми тоза гирифта чунин мисраҳои шогирдона иншо кардам.

 Аё модар сутуни хона ҳастӣ,

Чу офтоби ҷаҳон рахшанда ҳастӣ.

Яқин пиру ҷавон гуянд саноят,

Ба мо умре муҳаббатхона ҳастӣ.

Чу шамъе сузию сози ту моро.

Ба ту ҳаст зиндагӣ бар мо гуворо.

Нагирад ганҷи олам ҳеҷ ҷоят,

Гар аз чангам бирезанд ганҷи дунё.

Ту боарзиш бимони аз бароям,

Агар бахшанд ба ман анбори дунё.

Сано бодо ба модарҳои тоҷик,

Сано бодо ба хоҳарҳои тоҷик.

Сано бодо ба ин фарзонафарзанд,

Бидонист қадри модарҳои тоҷик.

Сано бодо ба ин сулҳу садоқат,

Бимонад то абад дар боми тоҷик.

                                Ҳоҷизода Саидвоҳид

                     мудири шуъбаи таблиғот

ва иттилооти

                  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *