Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ба ифтихори Рӯзи модарон байни духтарон- муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр мусобиқаи тирпарронӣ аз яроқи пневматикӣ баргузор шуд.
Дар ин мусобиқа , ки 12 дастаи муассисаҳои таълимӣ ширкат доштанд, хонандагони МТМУ № 1 соҳиби ҷои аввал, МТМУ № 29- ҷои дуюм ва МТМУ № 14 сазовори ҷои сеюм гардиданд.
Ғолибони мусобиқа бо сипоснома, нишон ва тӯҳфаҳои таъсиснамудаи КИ ҲХДТ қадршиносӣ карда шуданд.