Рубрики
Last News

ДУШАБЕ- ХОНАИ УМЕДИ ҲАМАИ МО

Таҳти ин унвон ҷиҳати иҷрои дастури Кумиҷроияи вилоятии ҳизб Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дар толори китобхонаи марказии шаҳр бо иштироки аҳли фарҳанг ва хонандагони китобхона ҷамъомад доир намуд.

Мудирони шӯъбаи Кумиҷроия Мавлуда Тоҷиева ва Қобилҷон Ҷалолов ба ҳозирин дар бораи таърихи пойтахти Тоҷикистони навтаъсис интихоб шудани деҳаи ноободи Душанбе, баъдан то ба шаҳри ободу зебо расидани он сухан карда, таъкид доштанд, ки имрӯз пойтахти мамалакати мо ба қатори даҳ шаҳри амни сайёра шомил шуда, дар солҳои истиқлол симои худро куллан дигар намуда, боз ҳам зебою ороста гаштааст ва чашми умеди ҳама ҳамватанон ба пойтахт менигарад.

Чунин чорабиниҳо таҳти ин унвон дар дигар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, корхонаю муасисаҳои низ баргузор карда мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *