Рубрики
Last News

Душанбе – хонаи умеди ҳамаи тоҷикони ҷаҳон

Ё аз эътибори созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ба ин шаҳри таърихӣ

Лозим ба қайд аст, ки яке аз муқаддасоти азизи мо дар қатори Конститутсия, Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ин пойтахти кишвари азизамон маҳсуб меёбад ва бо дастгириҳои бевоситаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин шаҳри дилоро имрӯзҳо макони сабз ва маркази фарҳангу адаб ва сиёсат дар сатҳи умумиҷаҳонӣ эътибори хоссаеро дорост. Тавре Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо изҳор намуданд, «Пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе оинаи таъриху зиндагии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст».

Мехостам аз якчанд дастовардҳои шаҳри Душанбе, ки аз эътибори созмонҳои баландпояи умумиҷаҳонӣ ба миён омадаанд мисол орам:

1. Бо Қарори ЮНЕСКО 4 августи соли 2004 шаҳри Душанбе бо эътирофи саҳми бузурги он дар таҳкими арзишҳои сулҳ, таҳаммул ва ҳамрайъӣ дар ҳаёти рўзмарра ба Ҷоизаи Якуми «Шаҳри Сулҳ» дар минтақаи Осиёву Уқёнуси ором барои солҳои 2002-2003 сазовор дониста шуд.

2. Бино ба натиҷаҳои ҳамапурсии агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Россия, пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардид.

3. Тибқи назарсанҷиҳои Агентии иттилоотии “Турстат”- и Федератсияи Россия шаҳри Душанбе ба даҳгонаи шаҳрҳои амнтарини кишварҳои аъзои ИДМ ва ба даҳгонаи беҳтарин шаҳри саёҳат ва сафари шабона дар ҷашни соли 2020 арзёбӣ гардидааст.

4. Соли равон низ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои аъзои ИДМ шаҳри Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021 эълон гардид.

Яъне бо сарафрозӣ гуфта метавон, ки шаҳри Душанбе, яъне пойтахти кишвари азизамон Тоҷикистон имрӯз ба шаҳри умеду ормонҳо табдил ёфта, қадамҳои устувори ободкориву созандагӣ дар он боиси ифтихори мо ва бешак намунаи барҷастаи шаҳрдор ва шаҳрнишин будани миллати куҳанбунёди моро муаррифӣ намуда истодааст.

Рӯзи пойтахти кишвари азизамон Тоҷикистон -шаҳри Душанбе муборак бошад, ҳамсафони арҷманд.

Муҳаммад Ниёззода

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *