Рубрики
Last News

ДУШАНБЕ-ХОНАИ УМЕДИ ҲАМАИ ТОҶИКОНИ ҶАҲОН

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе дар асоси барқияи телефонӣ таҳти рақами №16 аз 12.04.2021 баргузории чорабиниҳоро таҳти унвони “Душанбе-хонаи умеди ҳамаи тоҷикони ҷаҳон” роҳандозӣ намуда истодааст.

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳраки Консой” бо иштироки занону ҷавонон, фаъолони ҳизб, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” корҳои ободонӣ ташкил ва гузаронида шуд. Дар он гирду атрофи шаҳрак, корхонаҳо, кӯчаву хиёбон аз партовҳо тоза карда шуда, ниҳолҳо шинонида шуд. Саҳми аъзоёни фаъоли ҳизб дар ободонӣ назаррас аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *