Рубрики
Last News

ДУШАНБЕ – ХОНАИ УМЕДИ ҲАМАИ ТОҶИКОНИ ҶАҲОН

Мувофиқи барқияи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз санаи 12.04.2021сол таҳти №16 аз тарафи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и Ҷамоати шаҳраки Шайдон шанбегӣ таҳти унвони “Душанбе – хонаи умеди ҳамаи тоҷикони ҷаҳон” ташкил ва баргузор карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки дар шанбегии дастаҷамъона раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода, директори МТМУ №17 Қодиров Мансур ва роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Мусоев Далер иштирок намуданд.

Инчунин дар шанбегиҳо ҷиҳати самаранок ва дуруст истифода бурдани заминҳои бекорхобидаи назди муассисаҳо ва ташкилотҳо аз тарафи аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” корҳои кишткорӣ ба роҳ монда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *