Таҳти ин унвон санаи 16.04.2021 дар Осорхонаи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Рӯзи Пойтахт мизи мудаввар баргузор гардид. Дар он намояндаи КИВ ҲХДТ Мирзоходжаева А., мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Солиева М. ва мудири шуъбаи умумӣ Азимова О. иштирок намуданд.
Оид ба таърихи шаҳри Душанбе директори Осорхона Холҷӯраев Ҳ. муфассал шарҳу тавзеҳ дод.
Мирзоходжаева А. зимни баромад қайд намуд, ки санаи 21.03.2021 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ маросими ифтитоҳи расмии эълон гардидани “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021” баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи расмии эълон гардидани “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021” намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, бародаршаҳрҳо, корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии муқими шаҳри Душанбе, роҳбарияти вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, раёсату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, коршиносон, ширкатҳои сайёҳӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд. Дар оғози барнома муовини Раиси Кумитаи иҷроия – котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бекетжан Жумангулов ва директори иҷроияи Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои аъзои ИДМ Анатолий Иксанов дар бораи таърих ва аҳамияти барномаи байнидавлатии “Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод” суханронӣ намуда, Сертификати эълон гардидани “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021”-ро ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ супориданд.
Душанбе – маркази Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун шаҳри пайвандгари дилҳо, макони меҳру шавқат, маскани тоҷикони бузург намояндаи кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб зимни баромад муаррифӣ намуд.
Дар охир хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия дар васфи Душанбе шеъру таронаҳо суруданд.