Рубрики
Last News

ДУШАНБЕ ШАҲРИ ҶАВОНИ ҶАВОНПАРВАР

Ба ифтитихори Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастури кумиҷроияи вилояти ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд силсилаи чорабиниҳо дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоӣ доир шуда истодааст. Чунончи субҳи имрӯз кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ дар ҳамкорӣ бо ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии ба номи 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мактаби варзишии рақами 1, аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар шаҳри Хуҷанд аз руи намуди мусобиқаи давидан наздик ба 100 нафар дар масофаи беш аз 5 километр қуввасанҷӣ намуданд.

Дар расми ҷамъбасти мусобиқа раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ва директори варзишгоҳи ба номи 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймонзода Наим Наримон аз муҳимияти баргузории ин мусобиқа ҳарф зада, баён доштанд, ки ҳадафи ин чорабинӣ тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим ва арҷ гузоштан ба пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе, ки маъвои дили ҳар яки мо ва муаррифгари миллат дар арсаи сиёсии ҷаҳонӣ аст. Душанбе воқеан ҳам дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба шаҳри бузурги амаликунандаи орзуҳо табдил ёфтааст. Гуфта шуд, ки яке аз шартҳои асосии муаррифии шоистаи кишвар баланд бардоштани парчами он бо ширкати фаъолона дар мусобиқаҳои варзишӣ аст, ки имрӯз дар ин мусобиқа чандин нафарон асоси пешравиро гузоштанд. Мусобиқа дар сатҳи баланд ҷамъбаст гардида, дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибон Диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *