Рубрики
Асосӣ

ЗАБОНИ МОДАРИЯМ-ҶОНИ ПОКАМ

ш.Гулистон: Бо баробари Тоҷикистон соҳибистиқлол гаштан забони тоҷикӣ-забони давлатӣ гашт, дар диёр ба зинаи аввал баромад, мақоми худро ёфт, маданият ва анъанаҳои худро ба ҷойгоҳи худ гузошт. Забони давлатӣ сарнавишти зиёда аз 3 ҳазорсола дораду дар таърихи худ давра ба давра бо назардошти тағйиротҳои сиёсию фарҳангӣ таҷдид мегардад. Саҳми Садриддин Айнӣ – нависанда ва Қаҳрамони халқи тоҷик дар баланд бардоштани мақоми забони тоҷикӣ, басо назаррас аст. Дар ҳақиқат забони азизи мо “Забони давлатӣ” ин забони назму яке аз забонҳои ширини ҷаҳонист, ки Алишер Навоӣ бо вуҷуди турк буданаш пайваста шеърҳои тоҷикӣ эҷод мекард. Бо ин забон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ тамоми давлати Сомониёнро мафтун карда буд. Ҳофизи Шерозӣ ғазал мегуфту дуруд месуфт. Мавлавӣ “Маснавӣ” эҷод карду “Қуръон”-ро ба мо боз кушод. Бо забони тоҷикӣ адабиётҳои таърихии зиёду бузурге то имрӯзҳо ба мо омада расидааст, ки олимону шоирон гуфтору меъросгузорӣ кардаанд.Забондонӣ-ҳусни маънавии инсон аст, ки он бояд ҳусноро бошад ва ба сомеаш ҳаловати роҳатафзое бахшад. Соҳибзабон будан бахти баланд аст. Рушди забони давлатӣ ва корбурди он дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дар ташаккули маънавиёти миллӣ ва давлатдории миллӣ нақши муҳим дорад. Барои рушд, ҳифз ва тоза нигоҳ доштани он бикушед, зеро аҷдодони мо заҳматҳо кашиданд. Забони давлатӣ ганҷинаву сарвати миллати тоҷик аст.

Агар хоҳӣ, донои замон бошӣ, замони худ бидон аввал,

Агар хоҳӣ, байни мардумон бошӣ, забони худ бидон аввал.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *