Рубрики
Last News

ЗАНЕ, КИ АЙЁМИ ҶБВ ДАР АҚИБГОҲ БУД …

(ба ифтихори 76-солагии иди Ғалаба)

28.05. 1947 ақди никоҳи духтари рус ва ҷавони тоҷик дар шаҳри Омски Федератсияи Русия ба қайд гирифта шуд. Зану шавҳари тоҷику рус тирамоҳи соли 1947 ба Тоҷикистон баргаштанд.

Ҷӯраева Валентина Михайловна

Чанд сол қабл ин ному насабро тариқи рӯзномаи маҳаллӣ хонда будам, дар борааш бисёр мешунидам ва торафт ҳисси кунҷковиам боло мегирифт. Зеро решаи номи тоҷикии “Ҷӯра” дар насабаш ҷой гирифта буд, мехостам сабаби пайванди ногусастании ин ному насабро дарёбам, қаҳрамонашро бубинам ва қиссаҳои ҳаёташро гӯш кунам.

Валентина кӣ буд?

Голосапова Валентина Михайловна 25.03.1928 дар шаҳри Омски Федератсияи Русия чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Айёми ҷавониаш ба вақти Ҷанги Бузурги Ватанӣ рост омада, он вақт коргари заводи ҳарбии Омск буд. Баъди оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ рӯзона дар заводу шабона дар госпитали ҳарбии Омск ба ярадорон кӯмак менамуд, хӯрок мехуронд, мактуб менавишт ва рӯзномаю китобҳо ва мактубҳояшонро хонда медод.

Султон-иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Ҷӯраев Султон – сокини шаҳри Конибодом соли 1942 ба майдони ҷанг даъват шуда, бар зидди душманони Иттиҳоди Шӯравӣ мубориза мебурд. Мутаассифона, Султон Ҷӯраев тобистони соли 1944 дар натиҷаи дар майдони тиру туфанг мондан пойи чапашро захмӣ мекунад. Султони аз пойи чап мондаро ба госпитали ҳарбии Омск, ки Валентина онҷо кор мекард, мебаранд.

Саҳифае аз муҳаббат

Валентина ба Султон аз таҳти дил нигоҳубин мекарду сузандору мегузаронд. Китобҳо хонда медоду дар сайругашту роҳгардӣ кӯмак менамуд. Барои навиштани мактуб ба модараш – Шарофатхола, ки

ҷигарбанди ягонаашро дар Конибодом интизор буд, мактуб навишта медод. Ҳамин нигоҳубиниҳо рафта – рафта ба муҳаббату садоқати самимонаи ду ҷавон – духтари русу ҷавони тоҷик табдил ёфт.

Баъди чанде Султонро, ки аз як пой монда буд аз госпитали ҳарбӣ ба Ватан ҷавоб доданд. Вақти бозгашт ба Валентина ваъда дод, ки албатта бармегардад ва ӯро низ ба Тоҷикистон мебарад.

Дидору мулоқот бо модар

Шарофатхола аз майдони ҷанг баргаштани писарашро бо шодӣ истиқбол гирифту вале ба ҳоли писараш, ки аз як пой монда буд, зор-зор гирист. Султон ба модараш дар бораи Валентина нақл кард. Модар барои овардани духтари рус иҷозат дод. Султон дар олами орзуҳо парвозкунон ба ҷустуҷӯи Валентина ба шаҳри Омск меравад ва…

Валентинаи Конибодомӣ.

Муҳаббати ҷавонписари тоҷик Валентинаро водор сохт, ки забони тоҷикиро ба хубӣ омӯзад. Ӯ ҳамчун арӯси хонаводаи тоҷик ба урфу одатҳои тоҷикона оҳиста – оҳиста одат мекард ва ба пӯшидани либосҳои миллӣ шавқ пайдо менамуд. Бо хоксориву таҳаммулпазирӣ эҳтироми волидайни шавҳарро ба ҷо меорад. Ӯ арӯси оромтабиат буд ва хеле меҳмоннавоз. Аъзоёни хонавода низ бо ӯ меҳрубон буданд. Ҳамсояҳо низ Валентинаро “хола” – гӯён эҳтиром мекарданд.

Пайванди тақдир

Султону Валентина оилаи якҷояи чандинсола барпо намуданд. Султон дар корхонаи таъмиру сохтмони шаҳрамон ба ҳайси муҳосиб ва Валентина низ дар ҳамин корхона сохтмончӣ шуда фаъолият мебурданд. Онҳо бо якдигарфаҳмивӣ оила бунёд намуда, соҳиби шаш фарзанд гардиданд.

Падруди умр

Баъди зиндагии якҷояи 57-сола Султон Қодиров соли 2004 олами фониро тарк намуду нигоҳубини фарзандону тарбияи наберагон ба зиммаи Валентина – хола монд. Валентина-хола аксҳои зану шавҳари ҷавонро, ки духтари рус дар тан либоси миллӣ дошт тамошо карда, афсӯс мехурад, ки имрӯз ҷои Султон дар бараш холист…

Вале шукргузор аз он аст, ки барои хизматҳои шоёнаш соҳиби ордени “Шарафи меҳнатӣ” ва як қатор медалҳо гардидаву чун собиқадори ақибгоҳи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ғамхориҳои давлату Ҳукумати кишварро пайваста эҳсос мекунад.

Валя- холаи 93-сола

Имруз ин зани руси дар оилаи тоҷик ҳаётбасарбурда, дар иҳотаи пайвандон дуогу ҳасту давлати пирӣ меронад. Дирӯз барои табрики зодрӯзи Қодирова Валентина Михайловна рафтам ва орзуи чандинсолаам амалӣ гардид. Ин зани қаҳрамон, иштирокчии майдони ақибгоҳи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар тан либоси миллӣ, симои тоҷикона ва қалби зебо дошт, ба синни мубораки 93-солагӣ қадам гузошт. Илоҳо Валентинаи Конибодомӣ солҳои сол ифтихори мо -занону бонувони тоҷик бошанду саломатӣ ёрашон бод!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *