Рубрики
Асосӣ

“ЗАНОН-СУЛҲПАРВАРУ ВАҲДАТОФАРАНД”

Имрӯз дар толори КИ ҲХДТ дар ивлояти Суғд конференсияи илмӣ-назариявӣ КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Занон-сулҳпарвару ваҳдатофаранд” бо иштироки беш аз 60-нафар фаъолзанони ҲХДТ  баргузор гардид.

Конференсияи илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “Занон – сулҳпарвару ваҳдатофаранд” – ро Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ҳусни ифтитоҳ бахшида ҳадафи баргузории конфронсро ироа намуд.

Ҳадафи мо аз баргузор намудани ин конфронси илмӣ- назариявӣ пойдории сулҳу субот ва арҷгузорӣ ба Ваҳдати миллӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Воқеан ваҳдати миллӣ барои ҳастии миллати бостонии мо дар баробари забони модарӣ ва дигар рукнҳои давлатдориамон нақши тақдирсоз дорад.

Бисту ҳафтуми июни соли 1997 дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун яке аз санаҳои муборак ва тақдирсоз, яъне рӯзи баҳамоиву оштӣ ва эълони иттиҳоди ҷовидонаи миллати куҳанбунёди тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст ва мо ҳар сол фарорасии онро бо ифтихору шодмонӣ ва шукӯҳу ҷалоли хоса ҷашн мегирем.

Бо ҳукми тақдир ормони беш аз ҳазорсолаи гузаштагонамон дар интиҳои асри ХХ амалӣ гардид ва мо аз нав соҳиби давлати мустақили худ шудем. Вале, мутаассифона, ба ҷойи шукрона аз ин неъмати худодод ва ҳифзу таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мардуми кишвари тозаистиқлоли мо бо дасисаи душманони хориҷии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардид. Дар он рӯзҳо хатари пароканда шудани миллати тоҷик ва пора гардида, аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон дар пешорӯи таърихи навини мо қарор гирифта буд.

Хушбахтона, бо заҳмату такопӯиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сари вақт барои ислоҳи ин иштибоҳи даҳшатноки миллаткуш тадбирҳо андешида, баъди музокироти сангину тӯлонии зиёда аз чорсола оқибат бо имзои санади тақдирсоз, яъне Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон раванди оштии миллӣ, ваҳдати саросарии мардум ва сулҳу субот барқарор гардид, ки имрӯз аз он айём бисту панҷ сол сипарӣ мегардад.

Инчунин дар конфронс мудири шуъбаи рушди ичтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, доктори илмҳои филологӣ Тоҷибой Султонӣ иштирок намуда оид ба 25-умин солгарди ваҳадати миллӣ чунин сухан намуд.

 Ваҳдат калимаест, ки бо маънию оҳангаш шахсро ба  ягонагӣ ва  муттаҳидӣ  даъват  мекунад. Аз қадимулайём мардум барои осудаву ором зиндагӣ кардан ва беҳбудии ҳаёт умр ба cap мебурданд. Онҳо баробар кор мекарданду ризқу рӯзияшонро ҳам барбар бо ҳам медиданд.   Инсоният  бидуни ягонагиву баробарӣ ба мартабаи имрӯзаи худ расиданаш номумкин аст.  Маҳз ваҳдат инсониятро ба қуллаҳои баланди тараққиёт расонидааст.

Дар конфронс  муовини сартабиби Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷанд, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Аминҷонова Саодат таҳти унвони  “Занон дар шоҳроҳи Ваҳдат” маъруза намуда қайд намуд, ки чанд рӯз пас аз ба имзорасии Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки дар Тоҷикистон бо номи Рӯзи Ваҳдат шинохта шудааст,  25-сол сипарӣ мегардад. Чун мо дар остонаи таҷлили ин ҷашни шукӯҳманд қарор дорем, месазад аз хизматҳои мондагору таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар такя ба нерӯи халқ ёдовар шавем.

         Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич Маъмурзода Равшаной дар мавзӯи    “Мароми мо ҳизбиён Ваҳдат аст” чунин қайд намуд: Сулҳ, Ваҳдат ва Истиқлолият се мафҳуми аз ҳам ҷудонашаванда аст.   Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон натиҷаи Истиқлолияти миллӣ аст.  Ваҳдати миллӣ дар қатори маҳфумҳои озодӣ, Истиқлолият, Сулҳ азизу муқаддас аст. Ваҳдати миллӣ барои тоҷикон на фақат дар дохили кишвар-Тоҷикистони азиз, балки дар арсаи байналхалқӣ, дар саҳнаи сиёсати умумиҷаҳонӣ аҳамияти хоса дорад.

Дар конфронс Исматова Салимабону роҳбари коргоҳи дӯзандагии ҶДММ “Салимабону” дар мавзуъи “Ваҳдат бақои миллат” ба сухан баромада иброз намуд, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барои тоҷикон иттиҳод, ягонагӣ, якпорчагӣ,ҳамдигарфаҳмӣ, амнияту осоиштанӣ,ифтихои миллӣ, ҳамзистии осоишта, ҷараёни бомароми созандагию ободониро дар кулли соҳаҳо ҳадя овард.Воқеияти таърихиву ҳуқуқии тақдирсози миллати мо-Ваҳдати миллӣ дар инкишофи минбаъдаи ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, ислоҳоти рукнҳои давлатдорӣ аз рӯи принсипҳои соҳибихтиёрӣ,демократӣ,ҳуқуқбунёд,дунявӣ ва ягонагии Тоҷикистон нақши  мондагор дорад ва аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ барои муттаҳиду сарҷамъ сохтани миллат,хотима бахшидан ба низоҳои дохилӣ,таъмини сулҳу субот ва амнияти мардум иқдомҳои шоистаро рӯи кор овард.

Инчуин дар конфронси мазкур маърузаҳои Неъматзода Сурайё Мирзоэргаш директори Муассисаи давлатии таълимии  “Литсей барои хонандагони болаёқат”-и шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи “Рисолати зан-модар дар таҳкими давлатдорӣ, сулҳу субот дар ваҳдати миллӣ”, шунида шуд.

 Бо ҳамин  конференсияи илмӣ – назарияви Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба 25 – солагии Ваҳдати миллӣ таҳти унвони “Занон-сулҳпарвару ваҳдатофаранд” хотима ёфт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *