Рубрики
Last News

Заркорон ба ҳизб содиқанд

          Дар ҷаласаи ҳисоботии кумиҷроияи ибтидоии ҳизбии ҶДММ КМ “Зарафшон” фаъолият ин ниҳоди ибтидоии ҳизбӣ дар семоҳаи аввали соли равон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

          Зикр шуд, ки дар оғози семоҳа салоҳияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ боло бардошта, он ба кумиҷроияи ибтидоии ҳизбӣ табдил дода шуд ва саҳми ҳизбиён на танҳо дар  иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ, балки тарғиби нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат низ калон аст.

          Дар маҷлиси ҳисоботӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Мурод Шукурзода сухан карда, таваҷҷӯҳи аъзоёни ҳизбро ба пурзӯр намудани мавқеи ҷамъиятӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати Сарвари давлат ҷалб намуд.

          Бо қарори маҷлиси ҳисоботӣ муовини директори кулли ҶДММ КМ  “Зарафшон” Абдуҳаким Ашӯров раис ва  Шералӣ Юсуфов муовини раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ интихоб шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *