Рубрики
Uncategorized

ЗАФАРОБОД:Модар зиннати баҳору зиндагист

    Санаи 15 марти соли 2022 дар ноҳияи Зафаробод мутобиқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  бо иштироки бонувони фаъол аз соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия, собиқадорони ҳизбу меҳнат, аъзоёни маҳфили адибони ноҳияи Зафаробод маҳфили бадеӣ таҳти унвони  “Модар зиннати баҳору зиндагист ” баргузор гардид. Дар маҳфил  Шоири халқии Тоҷикистон  Устод Фарзона, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мансурӣ Замира, котиби масъули нашрияи “Сухани халқ” Раҳимзода Моҳира, муовини якуми  раиси ноҳияи Зафаробод  Ҷумъазода  Некмурод, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Шарифзода Туйғун ва дигар дӯстдорони назму адабиёт иштирок намуданд.

Чорабинӣ  аз ҷониби ровии маҳфил Ирода Игамова оғоз гардида, сипас табрикоти роҳбарияти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз ҷониби муовини раиси Кумитаи иҷроияи  вилоятии  ҲХДТ Мансурӣ Замира ва табрикоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод ба самъи ҳозирин расонида шуд.  

Пас аз он  Шоири халқии Тоҷикистон Устод Фарзона  баромад намуда, самимияту эҳтиром, муҳаббату арҷмандии Зан-Модарро бо лутфи шаҳдрезу шакарбори хоси сабки хеш ситоиш карда, бонувони заҳматқарини Зафарободро бо фарорасиии  ҷашни  фархундани Наврӯз  шадбош намуданд. Дар ин радиф аз ашъори худ шеърҳои нобу дилнавоз қироят намуда, бо нақлҳои хушу хотиромон  таъби иштирокдоронро шоду болида гардониданд.    

Ҳамчунин дар маҳфил Моҳира Раҳимзода-котиби маъули нашрияи “Сухани халқ”,  Иброҳим Калонзода-роҳбари маҳфили адибони ноҳия, Заҳриддин Рустамов-раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия доир ба таърихи пайдоиши ҷашни Наврӯз,  саҳму заҳматҳои Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди ҷомеа ва дастгирии мақоми Зан-Модар, мақому арзиши шеъри Фарзона дар адабиёти тоҷик  баромад намуданд. Ҳунармандони ташкилоти ибтидоии “Бахши фарҳанг” бо барномаи рангини консертӣ ба маҳфил ҳусни хоса зам намуданд.

Маҳфилро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Шарифзода Туйғун ҷамъбаст намуда, таъкид дошт, ки  гиромидошти Зан –Модар қадршиносӣ аз заҳматҳои у дар меҳвари фаъолияти ҲХДТ қарор дошта, ташкили ин гуна чорабиниҳо дар тадбиқи самтҳои Барномаи ҲХДТ мусоидат хоҳад намуд. Ҳамчунин таъкид дошт, ки иштироки Шоири Халқии Тоҷикистон Устод Фарзона  дар маҳфил  таваҷҷӯҳ ва қадршиносии бонувони фаъол ва модарони заҳматқарини ноҳия  арзёбӣ хоҳад гашт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *