Рубрики
Uncategorized

ЗАФАРОБОД:Мулоқоти гурӯҳи тарғиботчиёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд бо сокинони ноҳияи Зафаробод

Санаи 18 июни соли 2021 гурӯҳи тарғиботчиёни КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар ҳайати Фирдавс Салимов-сармутахассиси шуъбаи ташкил ва кор бо кадрҳои кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ, Моҳира Раҳимзода-котиби масъули нашрияи “Сухани халқ” бо сокинони ноҳияи Зафаробод мулоқот доир намуданд. Мулоқоти аввал бо сокинони Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод баргузор гардида, доир ба натиҷаҳои сафари Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, афзалиятҳои муҳими ин сафари таъриҳӣ ва таҳкими муносибатҳои дустию бародарона суҳбати хоса ҷараён гирифт. Зикр гардид, ки муносибатҳои дӯстию ҳамсоягии ин ду халқи бародарро таърих садҳо маротиба исбот намуда, имрӯз низ дар давраи навин идома меёбад. Мустаҳкам гардидаи пояи дустии ду халқи бародари тоҷику узбекро сарварони хирадпешаи ду давлат, фарзонафарзандони ду миллат Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев таҳкими тоза бахшида, дар роҳи расидан ба мақсаду ормонҳои ҳамкорию ҳамсоягӣ ба манфиати давлатҳо санадҳои муҳим қабул намуданд. Дар мулоқот Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Туйғун Шарифзода ва Раиси Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод Зарина Абдуллозода андешаҳои худро атрофи мавзуъ баён доштанд. Мулоқоти гурӯҳи тарғиботӣ бо сокинони Ҷамоати шаҳраки Зафаробод дар маҷлисгоҳи МДТ ЛКТСК идома ёфт Бахшида ба фарорасии ҷашни Ваҳдати миллӣ ва арзиши тақдирсози ин рӯзи таърихӣ низ меҳвари асосии суҳбат қарор гирифта, иштирокдорон барои сазовор таҷлил намудани ҷашнҳои фархунда ба корҳои созандагию ободонӣ ҳидоят гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *