Рубрики
Асосӣ

ЗАФАРОБОД: Аксияи умумивилоятии Рӯзи дарҳои кушод таҳти унвони “Мо ҷавонон ҳомиёни ин Ватанем”дар ноҳияи Зафаробод

Дар асоси барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз санаи 12.10.2021 таҳти №85 ва нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод бо иштироки аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” аксия таҳти унвони “Мо ҷавонон ҳомиёни ин Ватанем” ба муносибати маъракаи тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид. Сараввал ҷавонон дар майдони ба номи Исмоили Сомонӣ ҷамъ омада чорабинии тантанавӣ ташкил карда шуд. Дар чорабинӣ Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Шарифзода Туйғун Тоҳир баромад намуда, қайд намуд, ки ҷавонон бояд қарзи муқаддаси худро дар назди Модар-Ватан сарбаландона ба ҷо оранд. Нисбати чунин арзишҳои олии умумиинсонӣ аз қабили ватанпарастиву ватандорӣ бетафовут набуда, дар ҳифзи марзу буми кишвари азизи хеш содиқу устувор бошанд. Сипас ҷавонон ба дидбонгоҳи сарҳадӣ ва қисмҳои низомии ноҳия рафта, бо ҳаёти сарбозону афсарон шинос шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *